Главная > Навидҳо > Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид

Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид


21-09-2017, 12:55.
Варзишгарони тоҷик дар рӯзи панҷуми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар мусобиқоти гӯштини камарбандӣ (тарзи классикӣ), таэквондо WTF, муай тай, баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук ва велосипедронӣ иштирок карда, соҳиби 4 медали биринҷӣ гардиданд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар намуди гӯштини камарбандӣ аз ҷумҳурии мо 10 варзишгар – Мария Седунова (-70 кг) миёни бонувон ва Акрамхуҷа Тошмуродов (-70 кг), Рӯзибой Сафаров (-80 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Муҳаммадғуфрон Тошзода (-70 кг), Абдусалом Саломов (-100 кг), Хуршед Шарипов (-90 кг), Маҳмад Миров (+100 кг), Достонбек Почоев (-90 кг) ва Худоёр Раҷабзода (-65 кг) миёни мардон вориди рақобат шуданд.

2G3A1272Аз миёни онҳо Худоёр Раҷабзода, Достонбек Почоев ва Маҳмад Миров ба гирифтани медали биринҷии бозиҳо сазовор гардиданд. Ёдовар мешавем, ки Маҳмад Миров дар ин бозиҳо медали дуюми биринҷӣ ба даст овард. Ӯ ду рӯз пеш дар гӯштини анъанавӣ низ сазовори ҷои сеюм шуда буд.

Як медали дигарро Давлат Болтаев (-86 кг) дар намуди муай тай сазовор шуд. Давлат, ки дирӯз дар даври ҳаштякфинал бар варзишгари мизбон Ялкапбердӣ Таҷенов ғалаба карда буд, дар даври чорякфинал аз намояндаи Ироқ Шаҳез Фозил мағлуб гардида, сазовори ҷои сеюм шуд.

Ҳамин тариқ шумораи медалҳои Тоҷикистон дар бозиҳо ба 18 адад- 1 нуқра ва 17 биринҷӣ расид. Кишвари мо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар мақоми 25 мебошад.

Ҷои аввалро кишвари мизбон – Туркманистон ишғол кардааст. Варзишгарони туркман то имрӯз 127 медал (53 тилло, 37 нуқра, 37 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 39 медал (10 тилло, 6 нуқра, 23 биринҷӣ) дар мақоми дуюм аст. Ӯзбекистон бо 57 медал (7 тилло, 16 нуқра, 34 биринҷӣ) дар ҷои сеюм қарор дорад.
Вернуться назад