Главная > Навидҳо > Дастовардҳои соҳаи сохтмону меъморӣ аз истиқлол то истиқлол

Дастовардҳои соҳаи сохтмону меъморӣ аз истиқлол то истиқлол


4-09-2015, 19:56.
Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол
Раиси Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати ҶТ


Дастовардҳои соҳаи сохтмону меъморӣ аз истиқлол то истиқлол


Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили яке аз рӯйдодҳои бузургтарини таърихи миллати кӯҳанбунёдамон - 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёр, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.

Боиси қаноатмандӣ аст, ки тайи ин давра, сарфи назар аз мушкилоти воқеъии бавуқӯъпайваста дар самти пешрафти ҷомеаи худ ба як қатор дастовардҳое ноил шудем, ки аз дурустии сиёсати пешгирифтаи дохилию хориҷии давлати Тоҷикистон бо сарварии Ҷаноби Олӣ, Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.

Тоҷикистони маҳбубу соҳибистиқлоли мо дар роҳи татбиқи се ҳадафи стратегии худ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Воқеъан давлати соҳибистиқлоли мо сол то сол ба пешрафтҳои мунтазами иқтисодӣ ноил шуда, пойдорӣ ва самарабахшии иқтисоди бозориро дар фаъолияти табақаҳои гуногуни ҷомеа собит месозад. Мо бо мақсади таъмини истиқлолияти иқтисодӣ, пеш аз ҳама истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани Тоҷикистон ба ҳаллу фасли як қатор тадбирҳои муҳим, аз ҷумла эҳёи соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ, сохтмони пулҳо ва нақбҳои мошингард муяссар гардидем.

Сохтмончиёну меъморон ва лоиҳакашони мамлакат дастуру супоришҳоеро, ки аз Паёми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, барои иҷрои вазифаҳои барномавӣ талошу кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дилрабоии шаҳру хиёбон, кӯчаю биноҳои мамлакат, умуман, симои ватани азизамон, аз як ҷиҳат боиси ифтихор бошад, аз ҷониби дигар бар дӯши мо масъулияти азим во мегузорад. Сарвари давлат дар доираи сафар ба шаҳри Роғун аз сифати хуби корҳои сохтмон ва барқарорсозии иншооти асосии Неругоҳи барқи обии Роғун, аз ҷумла, нақбҳои нақлиётию сохтмонӣ, толорҳои мошинҳо, трансфарматорҳо, агрегатҳо ва нақбҳои ноқилгузар таъкид карданд, ки: «Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки неругоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Бунёдкорони неругоҳ ваъда доданд, ки ҳар як дастури Сарвари роҳнамои худро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд. Яке аз нуктаҳое, ки Президенти мамлакат таъкид намудаанд, истифода аз санъати ғании меъмории ниёгон ва ҳусни миллӣ бахшидан ба сохтмонҳои замонавист. Аз ин рӯ, лоиҳакашон зимни тарҳрезии нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба хусусияти миллии меъморӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ҳоло нақшаи генералии 29 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва мавриди амал қарор доранд. Нақшаи генералии шаҳрҳои Душанбе, Сарбанд, Қайроққум, ноҳияҳои Ҷиликӯл, Муъминобод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дарвоз бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа мешаванд. Таҳияи нақшаи генералии шаҳрҳои Панҷакент, Ёвон, ноҳияҳои Мурғоб, Бохтар, Ғончӣ, Ашт ва Варзоб пурра ба анҷом расидааст. Сохтмону барқарорсозӣ, таъмир ва ободонии иншооти гуногуни хоҷагии халқ дар қаламрави мамлакат бо суръат идома дорад. Тайи шаш моҳи аввали соли равон 418,5 ҳазор метрии мураббаъ манзили истиқоматӣ, ҳамчунин, мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 2 ҳазору 288 хонанда, муассисаҳои томактабӣ барои 235 ҷой ва дармонгоҳ барои қабули 96 бемор дар як баст ба истифода дода шуданд.

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои солгарди 24–уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 700–солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 3000–солагии Ҳисор, бунёди шаҳракҳои Сайҳун дар вилояти Суғд, маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар мавзеъи Теми шаҳри Хоруғ бунёди иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ ва хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат самтҳои асосии фаъолияти имрӯзаи бинокоронанд. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дастур гирифтааст, ки барои ҳарчи зудтар бунёд намудани шаҳраки истиқоматӣ ва инфрасохтори он дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ва деҳаҳои Бедаку Ҳалқарфи ноҳияи Рашт мусоидат намояд.Корҳои сохтмону васлгарӣ ва таъмиру барқарорсозӣ дар неругоҳи Роғун мутобиқи ҷадвали тақвимии ба истифода додани навбати аввали неругоҳ бо сифати баланд ва тибқи тавсияи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҷараён доранд.

Ҳарчанд, ки бисту чаҳор сол дар муқоиса бо таърихи тӯлонии халқи куҳанбунёдамон фосилаи зиёд нест, вале роҳе, ки мо дар ин марҳалаи кӯтоҳи таърихӣ паймудем ва корҳое, ки ба шарофати истиқлолият ва аз баракати заҳмату фидокории мардуми сарбаландамон ба анҷом расонидем, бемуболиға бо даҳсолҳои зиёд баробар мебошад.

Итминони комил дорам, ки бинокорони Тоҷикистон барои боз ҳам ободу зебо гаштани симои Ватани маҳбубамон ва таъмини шароити боз ҳам беҳтари кору зиндагии мардуми сарбаланд бо дили гарму бозуи қавӣ содиқона меҳнат мекунанд.

Дастовардҳои Тоҷикистон дар ин давра ҳамчунон дар арсаи байналмилалӣ низ назаррас буданд. Таҳкими равобити босамару гуногунҷабҳа ва ҳамкориҳои судманду сиёсиву иқтисодиву фарҳангӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гувоҳи равшани татбиқи сиёсати санҷидаи хориҷӣ ва баланд гардидани эътибору манзалати кишварамон дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад.

Роҳеро, ки мо имрӯз пешгирифтаем, фақат як ҳадаф дорад, расидани ҳар як инсон ба саодати зиндагӣ, бахту иқболи мардум ва рушди миллат дар асри XXI.

Вале бояд дар хотир дошт, ки барои ба ин нияти нек ва рӯзгори пурсаодат расидан хеле заҳмат кашиданамон зарур аст. Ободии Ватан ва осоиши мардуми мо аз ҳар яки мо фаъолияти шабонарӯзӣ ва кори содиқонаву софдилона мехоҳад. Барои ин бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо корҳои оғозкардаамон ва нақшаҳои пешгирифтаамонро зина ба зина пеш барем ва барои торафт беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардумамон заминаҳои мусоид фароҳам оварем.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳамаи арзишҳои дигар азизтар медонем!
Вернуться назад