Главная > Навидҳо > Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.

Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.


12-08-2017, 14:30.
Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.
Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.

Ҳамкасбони муҳтарам, меъморон, сохтмончиён ва
собиқадорони соҳаи меъмориву сохтмон!
Бо камоли эҳтиром мехоҳам аз номи худам ва ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи онҳоеро, ки биноҳои бузургу дилрабо месозанд, ба шаҳрҳои мо ҳусну зебоӣ ато менамоянд, зиндагии моро рангину гуворо мегардонанд - лоиҳакашон, устоҳо, соҳибони даҳҳо ҳунари созандагиву бинокорӣ ва истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмониро ба муносибати Рӯзи кормандони сохтмон самимона табрик намоям!
Сохтмончиён ояндасозони ин мамлакат ҳастанд. Онҳо инсонҳоеанд, ки барҳақ ҳаёти моро зебу фарри дигар мебахшанд. Ба гирду атрофатон нигаред: ҳамаи он чизҳое, ки зиндагии моро осону мусоид мекунанд ва сафои дигар мебахшанд, маҳз бо дастони пурэъҷози бинокорон офарида шудаанд.
Ба шарофати заҳмати шумо – бинокорон ва истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонӣ симои шаҳру деҳоти мамлакатамон дигаргун гашта, шаҳракҳои нави ҳозиразамон, иншооти саноативу иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишӣ қомат меафрозанд.
Рӯзи сохтмончиён ҳамеша сабаби ҷамъбасти фаъолияти соҳа буд. Бинобар ин, қобили зикр аст, ки ташкилоту сохторҳои Кумита таҳияи лоиҳаву харҷномаҳои сохтмони иншоот, аз ташхиси давлатӣ гузаронидани онҳо, назорати сифати корҳои иҷрогардида, ба меъёру талаботи сохтмонӣ ҷавобгӯ будани онҳоро зери назорати қатъии худ қарор дода, ба хотири иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.
Боиси қаноатмандист, ки мо дар замони соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз мушкилоти воқеъии мавҷуда, дар самти пешрафти ҷомеа ба як қатор дастовардҳое ноил шудем, ки аз дурустии сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.
Соҳаи меъморӣ ва сохтмон дар сиёсати имрӯза мавқеи намоёнро ишғол намуда, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳимми ҳаёти ҷомеа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҳаматарафа меёбад ва дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ шахсан ҳиссаи Ҷаноби Олӣ хеле бузург аст.
Ташаббусҳои Роҳбари давлат доир ба эҳё ва рушди санъати меъмории миллӣ аз ҷониби доираи васеъи меъморони мамлакат дастгирӣ ёфта, ба ҷараёни ҷустуҷӯ ва истифодаи шаклу усулҳои миллӣ ҳангоми бунёди иншооту биноҳои нав сохташаванда такони тоза бахшид.
Дар ин самт Кумита ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо ва аз ташхиси давлатӣ гузаронидани онҳо ба истифодаи унсурҳои хоси меъмории Тоҷикистон аҳаммияти ҷиддӣ дода истодааст.
Мо хуб дарк мекунем, ки чӣ тавр Пешвои миллат дар сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар дар баробари бунёди иншооту биноҳо ва сифати онҳо ба симои меъмории ҳар як бино диққати ҷиддӣ дода, талаб менамоянд, ки он ба муҳити зисту иқлим, урфу одат ва услуби хоси миллӣ мутобиқ карда шавад.
Сохтмончиёну меъморон ва лоиҳакашони мамлакат дастуру супоришҳоеро, ки аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, барои иҷрои вазифаҳои барномавӣ талошу кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Зебоии шаҳру хиёбон, кӯчаву биноҳои мамлакат, умуман, симои ватани азизамон, аз як ҷиҳат боиси ифтихор бошад, аз ҷониби дигар бар дӯши мо масъулияти азим мегузорад.
Кулли кормандони соҳаи меъморӣ ва сохтмони мамлакат иқдом гирифтаанд, ки бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат фаъолияти худро мувофиқи талаби давлату Ҳукумат ва меъёрҳои замонавӣ ба роҳ монда, ҷашнҳои дарпешистодаро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гиранд.
Итминони комил дорам, ки иштироки фаъолонаи кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва саноати масолеҳи бинокорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии сарзамини аҷдодиамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Бори дигар аз самими дил шуморо бо ҷашни касбиатон табрик гуфта, ба шумо ва наздиконатон саломатӣ ва муваффақиятҳои бузург орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, созандагони Ватан!
Вернуться назад