Главная > Навидҳо > Имрӯз дар «Боғи Ирам» Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ доир гардид

Имрӯз дар «Боғи Ирам» Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ доир гардид


20-05-2017, 09:28.
Имрӯз дар «Боғи Ирам» Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ доир гардид
Имрӯз дар «Боғи Ирам»-и пойтахт Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ доир гардид. Дар фестивали мазкур тамоми сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе иштирок намуда, расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои худро пешкаши тамошобинон гардониданд.
Имрӯз дар «Боғи Ирам» Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ доир гардид

Тавре Ҷамшед Ҳамроев — мудири маҷмааи варзишии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, дар Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ аз ҷониби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода таомҳои миллии тоҷикӣ ба намоиш гузоша шуданд.

«Мақсади асосии баргузории чунин як фестивал, шиносоӣ бо ҳамдигар, ривоҷи дӯстию ҳамкорӣ ва муаррифии санъату анъанаҳои миллии кишварҳои хориҷию мардуми Тоҷикистон ва таблиғи инсонпарварию эҳсонкорӣ мебошад »- гуфт, Ҷамшед Ҳамроев.
Имрӯз дар «Боғи Ирам» Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ доир гардид
Ба иттилои мудири маҷмааи варзишии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, он маблағҳое, ки дар Фестивали байналмилалии расму оин ва таомҳои миллӣ ба даст меоянд, ба мактаб — интернатҳои ҷумҳурӣ хайр карда мешаванд.
Вернуться назад