Главная > Навидҳо > 15 май — Рӯзи байналмилалии оила

15 май — Рӯзи байналмилалии оила


15-05-2017, 14:26.
Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола 15 май таҷлил мегардад.

Мақсад аз таҷлили ин ҷашн- ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд.

Имсол бахшида ба Рӯзи оила Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории як силсила барномаҳоро ба нақша гирифтааст.
Ба муносибати ин рӯз Кумита дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявро дар мавзӯи «Кафолати ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ҷамъият» баргузор намуд. Ҳадафи он дарки муҳимияти мафҳуми оила дар ташаккул ва пешрафти давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ буд.

Бо ташаббуси Кумиати мазкур 13 майи соли равон дар боғи «Ирам» дар байни оилаҳои ҷавон озмуни варзишӣ баргузор гардид. Инчунин дар ноҳияи Рӯдакӣ ду тӯйи домодиву арӯсӣ ва хатнасури 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуданд.

Имрӯз дар боғи «Ирам» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доктори илмҳои равоншиносӣ ва иқтисодӣ Саидмурод Давлатов бо донишҷӯён ҷамъомад баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзи байналмилалии оила дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ доир мегарданд.
Вернуться назад