24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тарма дар шаҳри Хоруғ шаш хонаро тахриб кард, аммо, хушбахтона, ба одамон осеб нарасонд

751
Пас аз боришоти шадиди чандсоата дар маҳаллаи Бизмичи шаҳри Хоруғ ду тармаи калонҳаҷм фуромаданд ва шаш хонаи истиқоматӣ ва ду сарои мошинро хароб карданд. Муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шуҳрат Шоисматов гуфт, ки ин тарма соати 12-и шаб ба тарафи маҳалла сарозер шуд ва азбаски соҳибони хона қаблан ба макони амн кӯч баста буданд, ягон ҳодисаи нохуш ба бор наовард. Ҳоло бо супориши раиси вилоят Шодихон Ҷамшед комиссияи махсус таъсис дода шуд. Ин комиссия хисороти офати табииро муайян мекунад ва ба зарардидагон кумаки фаврӣ расонда мешавад.

Роҳи мошингарди Хоруғ – Мурғоб — Қулма, ки ду рӯз пеш боз шуд, ба иллати резиши тармаву барф боз дубора баста шуд. Ба гуфтаи кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода, роҳи мошингарди байни ноҳияи Ишкошим ва шаҳри Хоруғ низ дар паи фуромадани тарма аз як ҳафта ба ин сӯ баста ҳаст. Фосилаи байни тармаҳо хеле васеъ аст ва аз ин рӯ интиқоли техникаву механизмҳои роҳсозӣ муҳлати зиёдро талаб мекунад. Аммо сарфи назар аз ин, роҳсозон шабу рӯз кор мекунанд, то ҳарчӣ зудтар роҳи мошингардро ба рӯи ронандагону мусофирон боз намоянд.

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ВМКБ аз тариқи воситаҳои ахбори маҳаллӣ аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки то муътадил гардидани вазъи ҳаво аз сафар кардан ба ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб худдорӣ варзанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво