29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мусобиқаи футбол бахшида ба ҷашни Наврӯз ва Соли ҷавонон дар Истанбул

737
18 марти соли 2017 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз ва Соли ҷавонон байни дастаҳои донишҷӯён ва шаҳрвандони тоҷики муқими Истанбул мусобиқаи варзишӣ баргузор гашт.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мизробиддин Сафаров ва намояндаҳои дастаҳои иштирокчӣ сухан гуфтанд.

М. Сафаров иштирокчиёни мусобиқаро бо фарорасии иди баҳор табрик гуфта, онҳоро ба ватандӯстӣ, доштани ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз Ватан ва давлати худ даъват намуд.

Дар мусобиқа шаш даста, аз ҷумла Консулгарии генаралӣ, соҳибкорони тоҷик, дастаҳои Донишгоҳи Бағчашаҳир, Донишгоҳи Истанбул, Донишгоҳи техникии Истанбул ва Донишгоҳи Мармара ширкат варзиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво