19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷамъомади идона дар Рашт бахшида ба Рӯзи Модар

981
Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат, собиқадорон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ иштирок доштанд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт хабар доданд.

Сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, полковники милитсия Рустам Шафизода тамоми занон, оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ ва модаронро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, хушбахтию тансиҳатӣ ва бурдбориҳои зиндагӣ таманно кард.

рашт чорабинии идонаЗикр гардид, ки имрӯзҳо занону модарон дар тамоми ҳаёти ҷомеа иштирок дошта, дар пешрафту ободонии кишвари маҳбубамон саҳмгузоранд. Зан-модар таҷассумгари зебоӣ, меҳру муҳаббат ва ободии рӯзгор буда, дар ташаккули инсон нақши асосӣ мебозад.

Дар идомаи ҷамъомад як гурӯҳ занон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаҳои арзишнок ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво