29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

850
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар маркази шаҳр бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Кумригул Гулмуродзода ҳозиринро бо Рӯзи Модар табрик намуд. Ӯ зикр кард, ки дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон гардида, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд.

Ин аст, ки имрӯз занон сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво