19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Роғун ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид

728
Дар маркази шаҳри Роғун ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд. Дар он аз тарафи 10 корхонаю муассисаҳо 71 ҷойи корӣ ба шаҳрвандони бекор пешниҳод гардид. Дар ин бора Сиҷоатшо Фозилов, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Роғун иттилоъ дод.
Дар ярмарка 94 нафар шаҳрвандони бекор иштирок намуда, 32 нафари онҳо ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд, ки аз ин шумора 6 нафарро занон ва 20 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин ба 26 нафар шаҳрвандоне, ки касбу ихтисос надоранд, ба марказҳои таълимӣ барои омӯхтани касб тариқи ройгон роҳхат дода шуд.
Бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Роғун барои омӯхтани касбҳои дӯзандагӣ, адрасбофӣ, кафшергарӣ, қаннодӣ, кор бо компютер, ҳисобчӣ ва барқчӣ шароити хуб фароҳам оварда шуда, нафарони бекасб ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво