24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Артиши миллӣ-сипари боэътимоди давлат!

1394
Артиши миллӣ-сипари боэътимоди давлат! Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар қисми ҳарбии №3503-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора корманди шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Фазлиддин Маҳмадраҳимзода хабар дод.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода зимни табрики ҳозирин бо Рӯзи артиши миллӣ гуфт: «Сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори муқовимати дохилӣ роҳи душворро тай намуда, таҷриба андӯхт, дарси ҷангию муҳорибавӣ омӯхт ва давра ба давра такмил ёфта, ба яке аз артишҳои касбии минтақа мубаддал гардид».
Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят ба афсарону сарбозони қисми ҳарбии №3503-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва собиқадорони соҳа туҳфаҳои хотиравӣ супорид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво