28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш аз «15» феврали соли 2017 №25\ф ш. Душанбе

1164
Ф А Р М О И Ш

аз «15» феврали соли 2017 №25\ф ш. Душанбе


Дар бораи маблағгузории воҳиди кории Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ 0,15 фоиз аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии меъёрҳои муқаррарнамудаи хароҷоти ғайричашмдошти иншоотҳои сохтмонӣ

Мутобиқи моддаи 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2016, №433 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, №586» ва банди 8 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

ф а р м о и ш м е д и ҳ а м:

1. Аз 1 январи соли 2017 маблағгузории воҳидҳои кории Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 0,15 фоиз аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии меъёрҳои муқаррарнамудаи хароҷоти ғайричашмдошти иншоотҳои сохтмонӣ тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2016, №433 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, №586» амалӣ карда шавад (намунаи ҳисоб замима мегардад).
2. Фармоишгарон, Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва ташкилотҳои пудратӣ дар фаъолияти худ риояи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2016, №433 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, №586» ва фармоиши мазкурро таъмин намоянд.
3. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Кумита корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати амалишавии фармоиши мазкур ба роҳ монанд.
4. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ҳангоми гузаронидани ташхиси давлатии лоиҳаҳо тағйироти воридшударо мувофиқ ба талаботи фармоиши мазкур ба инобат гирад.
5. Фармоиши мазкур дар рӯзномаи «Бинокорон», маҷаллаи «Меъморӣ» ва сомонаи расмии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) интишор карда шавад.
6. Фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2016, №92/ф аз эътибор соқит дониста шавад.
7. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳияташон гузошта шавад.




Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво