Ш. Орумбекзода: «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик тартиб дода шуд»

Бино ба гуфтаи Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 шакли мукаммали «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик» тартиб дода шуд. Феҳристи мазкур 515 унсури намунаҳои фарҳанги ғайримоддиро дар ҳудуди Тоҷикистон дар бар мегирад ва он яке аз қадамҳои устувори ҳимоят, таблиғ ва густариши намунаҳои фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.
Вазир ин суханонро имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг баён дошта, зикр кард, ки имсол Вазорати фарҳанг ба СММ рӯйхати 10 намуди арзишҳои миллиро пешниҳод кардааст. Онҳо ҳоло дар ҳоли таҳлилу баррасӣ қарор доранд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ 2020 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, 1278 адад бостонӣ, 441 адад таърихию монументалӣ, 300 ёдгории меъморӣ, 220 шаҳру шаҳракҳои қадимӣ, 83 адад конҳои қадимӣ, 70 қалъа, 110 мақбара ва масоҷиди таърихӣ, 43 катибаи рӯисангӣ, 15 тасвири рӯисангӣ, 654 макон ва талу теппаҳои таҳқиқнагардида ворид карда шудаанд.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво