24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

895
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари фурӯ рехтани бинои маркази тиҷоратӣ дар пойтахти Эрон дар натиҷаи сӯхтор боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Эрон ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво