29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Р. Раҳимзода: «Мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо бояд пурзӯр карда шавад»

875
Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2016 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, аъзои мушовара, сардорони Сарситод, Сармарказ, Сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2016 ва фаъолияти Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он дар ҷойҳо баррасӣ гардид.
ВКД-00Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода оид ба иҷрои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, таъкид намуд, ки бояд мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо пурзӯр карда шавад. Инчунин дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастӣ Рамазон Раҳимзода камбудию норасоиҳо дар фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
«Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба масъулони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он ҷиҳати таҳия намудани Нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ, маданӣ ва варзишӣ дар тамоми ҷумҳурӣ бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, ҳамкорӣ бо кумитаю идораҳои дахлдор, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонону наврасон ва мактаббачагон дастуру супоришҳои қатъӣ дода, зикр кард, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ ва бетаъхир андешанд»,- иттилоъ доданд аз вазорат.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво