19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат таҷлил мешавад

956
Дар шаҳри Ваҳдат ҳоло корҳои сохтмони як бинои чорошёнаи ташхисию табобатӣ, ду бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, се бинои истиқоматии сенздаҳошёна, як бинои истиқоматии бистушашошёна, бинои маъмурии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст ва бинои мактаб барои 640 ҷойи нишаст бо маром идома доранд. Дар назар аст то ҷашни 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин иншоот ба истифода дода шаванд. Ин нуктаро имрӯз раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
«Дар ҳақиқат соли 2017 барои мардуми шаҳри Ваҳдат соли хотирмону таърихӣ ва масъулиятнок мебошад. Чунки дар ин сол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат таҷлил карда мешавад. Ин боиси ифтихору сарфарозии шаҳри мост. Ба пешвози ин ҷашни ҷумҳуриявӣ корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Ваҳдат авҷи тоза гирифта, симои меъмории шаҳр ҳусни тоза мегирад»,- иброз дошт раиси шаҳр.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво