23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ — туҳфа дар «Соли ҷавонон»

1455
Имрӯз дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти маҷмааи наву муосири варзишӣ ифтитоҳ бахшида шуд. Ин маҷмааи замонавӣ аз толори варзишӣ, толори бокс ва фитнес-клуб иборат буда, бо харҷи зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бародарон — Ҷамшед ва Дилшод Назаровҳо бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифт.Ба ин муносибат дар саҳни варзишгоҳи марказии шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов, собиқадорони варзиш, ҷавонону наврасон ва сокинон иштирок намуданд.
Бо ба истифода додани маҷмааи варзишӣ 20 нафар бо кори доимӣ таъмин карда шуданд.
Дар назар дошта шудааст, ки ҳавзи варзишӣ, толори варзишии гимнастикӣ ва шоҳмот, инчунин корти теннис ба истифода дода, доираи фарогирии ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш васеъ карда шавад.
Ҳамчунин имрӯз дар шаҳри Конибодом маъракаи ниҳолшинонӣ аз тарафи ҷавонон оғоз гардид. Гурӯҳи ҷавонони шаҳр дар боғи маданият ва истироҳати шаҳр ниҳолҳои гуногуни ороишии ҳамешасабз шинониданд.
Дар маҷмӯъ 300 ниҳол шинонида шуд, ки дар афзун намудани ҳусни шаҳр ва таъмини муҳити тозаи экологӣ, ба ободии диёр мусоидат мекунад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво