19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сокинони шаҳру навоҳии мамлакат бо нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мешаванд

957
Дирӯз дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ва роҳбарони вазорату кумитаҳо, Академияи илмҳои ҶТ ва дигар ниҳодҳо иштирок доштанд. Дар мулоқот зикр карда шуд, ки бо мақсади ба сокинони шаҳру навоҳии мамлакат фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои тарғибгар аз 11 то 18 январ бо сафари корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебароянд. Мақсади асосии сафари гурӯҳҳои корӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат аз ташреҳи бандҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон ба вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ баромаданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон давоми 10 рӯз бо интихобкунандагони худ суҳбату вохӯриҳо гузаронида, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин оид ба паҳлӯҳои гуногуни қарору қонунҳои қабулгардидаи ин мақоми олии қонунбарор дар давоми як соли охир гузориш медиҳанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво