19 декабр 2018, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандист

1169
Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандист
Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми декабр бо иштироки намояндагони Агентии назорати молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони бахши меъморӣ ва шаҳсрсозии вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, меъморон ва лоиҳакашон, роҳбарон ва кормандони масъули Кумита дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид.
А.Абдуалимзода-муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар масъалаи барҳам додани коррупсия дар Кумитаро арзёбӣ намуд. Ў қайд кард, ки барои тақвият бахшидан дар муқовимат бо коррупсия бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ шаҳр пайваста машғулиятҳо баргузор мегарданд.
-Мутобиқи банди 3-юми фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», аз 30-юми августи соли 2013, №1505 ва бо мақсади таъмини иҷрои стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020 ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, инчунин таъмини назорати дурусти самараноки маблағҳои буҷетӣ, бо фармони раиси Кумита аз 12-уми августи соли 2016 №54 комиссия оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия таъсис дода шуд. Вазифаи асосии комиссияро А.Абдуалмизода дар назорати иҷрои барномаи идоравии коррупсионӣ ва нақшаи чорабиниҳои Кумита дар доираи пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дарки моҳият ва ҳадафҳои стратегияи муқовимат ба коррупсия дар доираи кормандон арзёбӣ намуд.
-Қобили зикр аст, ки амалигардонии ин ҳадаф аз ҷониби шӯъбаҳои алоҳида иҷро шуда, аз натиҷаи он сари вақт ба Кумита ахборот пешниҳод карда мешавад. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар фаъолияти ҳамарӯза чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ ҷорӣ карда шудаанд. Ба иттилои муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хариди давлатии мол ва хизматрасонӣ тибқи қонун ба роҳ монда шудааст. Супоридани андози давлатӣ, маоши кормандон, ҷубронпулӣ ва ғайра таҳти назорати доимии мутахассисон қарор дорад. Хушбахтона дар давоми соли 2015-2016 кормандони Кумита барои содир кардани ҷиноятҳои сифати коррупсионидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудаанд.
- Сармутахассисони Кумита бо Раёсати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои ҷудогардида барои нигаҳдории дастгоҳи марказӣ, аз ҷумлаи номгӯи таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ, таҳияи нақшаҳои генералӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонро маблағгузорӣ мекунанд.
Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандист
Муқимӣ Нигора Аминзода- Сардори раёсати дуюми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат бо коррупсияро аз иродаи олии сиёсии Роҳбари давлат арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар ин замина Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корҳои назаррасро ба сомон расониданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи зиддикорррупсионӣ қабул карда шуд ва дар ин самт як қатор чорабиниҳо аз ҷониби Вазорату идораҳо ба сомон расонида шуданд. Аз замони гузаштан ба соҳибихтиёрии давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар самти муқовимат бо коррупсия ба тасвиб расонида шуд. Аз соли 2003 инҷониб Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои нақшаи амалиёти мубориза бо коррупсия барои давлатҳои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад ва аз моҳи январи соли 2004 инҷониб ба Созмони ҳамкорӣ ва иқтисодии рушд оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти мубориза бо коррупсия ҳисоботҳои худро пешниҳод менамояд.
- Соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори зиёда аз 140 давлати дунё ба конвенсияи Созмони Милллали Муттаҳид зидди коррупсия аъзо шуд. Конвенсияи мазкур 16-уми апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар ин замина дар доираи меъёрҳои байналмиллалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омад, ки бо барҳам додани як қатор сохторҳои муборизабаранда бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсусгардондаи мубориза зидди фасод, яъне Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №143 аз 10-уми январи соли 2007 ба тасвиб расонад.
-Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 таъсис дода шуд, ки ба аъзогии он зиёда аз 33 роҳбарони аввали вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ шомиланд ва роҳбарии онро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ӯҳда дорад. Шӯрои мазкур ҷаласаҳои худро на камтар аз як бор дар як сол баргузор мекунад. 24-уми ноябри соли равон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он ахбороти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати иҷроиши стратегия баррасӣ карда шуд. Пас аз шунидани ҳисобот аз ҷониби Сарвазири ҷумҳурӣ баҳри боз ҳам ҷоннок кардани муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарон супориш дода шуд.
Намояндагони Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа ба як қатор меъёру қоидаҳои кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ равшанӣ андохтанд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки тибқи моддаи 661 «Сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ», ҳангоми бо мақсадҳои шахсӣ истифода бурдани моликияти давлатӣ, яъне биноҳои хизматӣ, автомошинаҳо, телефонҳои хизматӣ ва таҷҳизоти хизматӣ шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Дар асоси санади судӣ дар ҳолати содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ боиси аз кор озод шудани корманд мегардад. Ҳамчунин ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, ошкор шудани ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ ва бетарафӣ зоҳир намудан нисбати чунин ҳуқуқвайронкунӣ низ ҷиноят ҳисобида мешавад. Дар ҳолати ошкор намудани чунин ҳуқуқвайронкунӣ шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
Аз ҷониби намояндагони Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори баъзе аз мақомотҳои қудратӣ, ки қисми зиёди стратегияи муқовимат бо коррупсияро сари вақт иҷро намудаанд, шомил гардид.
Дар анҷоми ҷаласа меъморон ва лоиҳакашон ба як қатор саволҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти ҳамарӯза дастуру пешниҳоди амиқ гирифтанд.
Ф.Музофирова







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво