20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Баррасии масъалаи фишори пасти оби нӯшокӣ дар биноҳои баландошёнаи пойтахт

961
Масъалаи фишори пасти оби нӯшокӣ дар биноҳои баландошёна, зиёд ҳисоб кардани ҳаққи истифодаи об ва дигар масъалаҳои марбут ба оби нӯшокӣ имрӯз, 20 декабр зимни ҳамоиши «Шӯрои машваратии ҷамъиятӣ — механизми иштироки шаҳрвандон дар таъминоти оби нӯшокӣ» баррасӣ гардид.
«Кормандони «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон» Фаридун Шоимбеков ва Шифо Шарифзода ба иштирокчиён вобаста ба механизми иштироки шаҳрвандон дар таъминоти оби нӯшокӣ, муроҷиати шаҳрвандон ба КВД «Обу корези Душанбе», сарфаи вақти муроҷиаткунандагон ва мушкилот дар ҳалли таъмини оби нӯшокӣ маълумот доданд»,-иттилоъ дод манбаъ.
Зикр гардид, ки пас аз таъсиси Шӯрои машваратии ҷамъиятӣ дар назди КВД «Обу корези Душанбе» бархе аз мушкилот дар ин самт ҳалли худро ёфт.
Бино ба гуфтаи намояндаи Корхонаи «Обу корези Душанбе» Саидмурод Қаландаров, то имрӯз масъалаи таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе муаммои зиёд дорад. «Паст будани сифати оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур яке аз масъалаҳои матраҳгардидаи шӯро буд. Фикр мекунам дар ояндаи наздик тамоми ин мушкилот бартараф мегарданд. Масъалаи дигаре, ки истеъмолкунандагонро имрӯз ба ташвиш овардааст, ин нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти қубурҳои дохили бино ва бо об таъмин намудани маҳалҳое, ки аз рӯи реҷаи муайян бо об таъмин мегарданд, мебошад. Шӯро дар сомонаи Фейсбук саҳифаи маъсус дорад ва тамоми истемолкунандагон имкон доранд тавассути ин сомона ба шӯро муроҷиат намоянд»,-афзуд мусоҳиб.
Зимни ҳамоиш истеъмолкунандагон пешниҳод намуданд, ки дар назди Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон телефони боварӣ таъсис дода шавад, то шаҳрвандон тариқи ин телефон тавонанд проблемаҳои рӯзмарраи худро баррасӣ намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво