Коргоҳи бузург дар Қалъаи Малик

Ҳамагӣ соле пештар, агар аз ағбаи Чормағзак гузар мекардед, ин ҷо як майдончаеро медидед, ки каноре бинои дидбонгоҳи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ ҷой гирифта буду паҳлуи он сокинони ин деҳаи баландкӯҳ бозорчае ташкил карда, меваю ангур ва дигар маҳсулоти худро мефурӯхтанд. Вақте ки бо ҳамсафарони худ, муовини раиси шаҳр Абдувосеъ Ятимов ва раиси ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов Ҳусниддин Шарифов ин ҷо омадем, ба чашмони худ бовар накардам, ки соле пештар чӣ буду имрӯз чӣ манзарае дорад ин мавзеи баландкӯҳ.

Коргоҳи бузург дар Қалъаи Малик

Бе ягон муҳобот дар ин ҷо шаҳрчае бунёд гашта, набзи меҳнати бунёдкорона эҳсос карда мешавад. Чашми кас сараввал ба бинои зебою зардчаранги дуқабатае меафтад, ки он бинои маъмурии заводи семент мебошад. Паҳлуяш бошад, биноҳои зиёди қатори якқабата ҷой гирифтаанд, ки бино ба гуфти ҳамсафаронам, онҳо ошхона, ҷойи хӯрокхӯрӣ, ҷойи истироҳату хоби коргарон ва утоқҳои кори мутахассисон будаанд. Баъди ин чашм ба бинои кабудчаранги бузурге меафтад, ки ба анбор монанд аст. Чун ба он наздик шудам, дар дохилаш дастгоҳҳои харротиро дида, дарёфтам, ки ин ҷо заводи хурди таъмирист. Сипас, андаке дуртар дида медӯзем, ки он ҷо иншооти асосӣ – заводи семент бунёд гардидааст. Завод аз дастгоҳҳои хурду бузурги бино иборат буда, онҳо пайи ҳам ба дарозии тақрибан 250-300 метр тӯл кашидаанд. Аз паҳлуҳояш бошад, дастгоҳҳои сангмайдакунӣ бо лентаҳои сангу хоккашонӣ насб гардида, ба хатти асосии сементбарорӣ пайваст шудаанд. Дар майдони паси завод тақрибан 50-60 метр дуртар захираи хеле зиёди ангишт ба назар расид. Дар назди завод бинои дуошёнаи таҳлилгоҳ низ хеле зебою ороста бунёд гардидааст, ки он ҷо мутахассисони чинӣ машғули коранд. Дар тарафи чапи даромадгоҳи завод бошад, сохтмони бинои хиштие идома дорад. Сохтмончиён дар ошёнаи дуюми он ба хиштчинӣ ва дигар корҳои ободонию бунёдкорӣ машғуланд. Ба кадом тарафе назар андозед, коргарон машғули коранд.
Завод асосан бунёд гардида, кори асосӣ, мавриди истифода қарор додани осиёби он мондааст, ки он ҳам чанд соат пас ва ё рӯзе ба анҷом мерасад. Як қисми коргарону масъулон таҳти сарварии директори генералии ҶДММ «Ёқут-2000» Абдуҳалим Қодиров ва муовини вазири саноат ва технология Акрамҷон Рӯзизода майдони саҳни заводро тоза ва тахту ҳамвор карда, онро барои боздиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ба кор оғоз кардани заводи семент омода карда истодаанд.

Аз лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, бо сарвари ҶДММ «Ёқут – 2000» Абдуҳалим Қодиров ҳамсуҳбат гардидам.

- Аз оғози бунёди завод то имрӯз чанд муддат гузашт?
- Бунёди завод аз моҳи июли соли 2014-ум оғоз ёфта, рӯзи 6-уми сетябр, рӯзи боздиди Сарвари давлат аз ин иншоот ба кор дароварда мешавад.

- Завод чӣ қадар иқтидор дорад ва аз рӯзи аввал он бо тамоми иқтидораш ба кор сар мекунад?
- Иқтидори солонаи завод 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент мебошад, ки аз 6-уми сентябр сар карда, то моҳи ноябр зина ба зина бо тамоми иқтидор ба кор дароварда мешавад.

- Чаро завод маҳз дар мавзеи баландкӯҳи Қалъаи Малик сохта шуд?
- Дар ин ҷо сохтани заводи семент аз чанд ҷиҳат хуб аст. Аввалан, ашёи хом – оҳаксангу хоки кӯлол дар ҳамин наздикӣ аст. Дуюм дуртар аз мавзеъҳои аҳолинишин, барои тозагии муҳити атроф ва сониян, ба хотири бунёди заводи семент боз як гӯшаи диёрамон ободу мардуми он бо обу барқи доимӣ таъмин мегарданд.

Коргоҳи бузург дар Қалъаи Малик

- Бунёдкорони завод мутахассисони куҷоанд?
- Заводро панҷоҳ ба панҷоҳ мутахассисону коргарони чинӣ ва тоҷик дар якҷоягӣ бунёд карданд. Имрӯз дар ин ҷо 300 нафар чинӣ ва 400 нафар тоҷикон заҳмат кашида истодаанд.

- Таҷҳизоти завод аз куҷо дастрас карда шуд?
- Тамоми таҷҳизот бо кӯмаки мутахассисони чинӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин оварда шудааст.

- Агар дар давраи кори завод ягон қисми он мабодо аз кор монад, ё таъмирталаб шавад, онро ҳам аз Чин дастрас мекунед?
- Барои таъмир ва ё қисман нав кардани ягон таҷҳизот дар назди завод сехи таъмирӣ-механикӣ сохта, бо дастгоҳҳои харротӣ таъмин карда шудааст, ки мо метавонем бисёр қисмҳоро дар он ҷо истеҳсол намоем.

- Чи тавре огоҳем, корхона ба таври муштарак сохта шудааст?
- Бале, заводи сементи мазкур 60 фоиз бо саҳмгузории мо ва 40 фоиз саҳмгузории ширкати чинӣ сохта шудааст.
-
Дар ин ҷо ба ғайр аз хатти истеҳсолии заводи семент, ки беш аз даҳ қисмҳои хурду бузургро ташкил медиҳад, боз биною иншооти дигаре низ ба чашм мерасанд, онҳо чӣ гуна биноянд ва барои чӣ пешбинӣ шудаанд?
- Бинои дуошёнаи зебое, ки мебинед, ҳуҷраҳои кории маъмурияти завод аст. Дар паҳлӯи он бинои хобгоҳ барои 400 нафар, ошхона барои коргарони тоҷик ва чинӣ алоҳида-алоҳида, баъзе ҳуҷраҳои кории мутахассисон, заводи таъмири механикӣ, бинои таҳлилгоҳ, ки дар он сифати ашёи хом барои семент ва маҳсулоти тайёршуда санҷида мешавад. Анборҳои болокушодаи ангишт ва санги агарка дар паси завод ҷой дода шудаанд. Бинои дуошёнаи нав сохта шудаистодае, ки дар тарафи чапи даромадгоҳи завод мебинед, барои чойхона ва ошхона пешбинӣ гардидааст.

- Чӣ зарурате буд, ки заводи истеҳсоли семент бунёд намоед на ягон корхонаи истеҳсолии дигар?
- Имрӯз дар саросари кишварамон сохтмонҳо дар авҷ аст. Дар оянда сохтмонҳои бузург ба нақша гирифта шудаанд. Дар ҳама гуна сохтмон бештар семент истифода мешавад. Вале дар Тоҷикистон сементи воридотӣ ҳам қиммат асту ҳам ба ҳама дастрас карданаш мушкил аст. Ҳаминро ба назар гирифта, соҳибкорони чиниро ба ҳамкорӣ даъват карда, мавзеи мувофиқ барои бунёди корхонаро низ ёфта, ба мувофиқа омадем ва соле пештар ба сохтмони он оғоз кардем, ки имрӯз ба истифода тайёр аст.

- Дар истеҳсоли семент чӣ гуна ашёи хом истифода мешавад ва онҳоро аз куҷо дастрас мекунед?
- Барои истеҳсоли семент оҳаксанг, санги агарка (санги оҳанрабодор) ва хоки кӯлол, барои пӯхтани он ангишт лозим аст, ҳамаи онҳо дар худамон ҳаст. Кони оҳаксанг ҳамагӣ як километр дуртар аз завод ва хоки кӯлол ҳам дар ҳамин наздикӣ воқеъ аст. Санги агаркаро бошад, аз Харангони Варзоб, ангиштро бошад, аз кони ангишти Назарайлоқ дастрас мекунем. Дар се ҳазор тонна оҳаксанг ҳамагӣ 20 тонна санги агарка истифода мешавад, ки ин чандон қиммат намеафтад.

- Сементи дар ин ҷо истеҳсолшаванда фақат барои иншооти хоҷагии халқ пешбинӣ гардидааст ё барои иншооти махсусан муҳим, аз қабили нақбҳо, сарбандҳо ва ғайра низ пешбинӣ шудааст?
- Барои сохтмонҳои дар хоҷагии халқ бунёдшаванда пешбинӣ шудааст.

- Пас содироти он ба беруни ҷумҳурӣ ҳам дар назар дошта шудааст?
- Ҳоло не. Алҳол кӯшиш мекунем, ки бозори дохилиро бо сементи худӣ таъмин намоем.

- Дар таҳлилгоҳ мутахассисони худӣ кор мекунанд ё чинӣ?
- Алҳол мутахассисони чинӣ кор карда истодаанд. Онҳо тайи ду-се моҳ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ташхисгаронро тайёр мекунанд ва баъд ба ватанашон бармегарданд.

- Барои коргарон чӣ гуна шароитҳо муҳайё карда шудааст?
- Ҷойҳои хуби хобу истироҳат, ошхона, ки се вақт ба онҳо хӯроки гарм медиҳад, бо обу барқи доимӣ таъминанд.

- Дар ин мавзеи баландкӯҳ об чӣ гуна дастрас карда шудааст?
- Ғайр аз истифодаи одамон, тайёр кардани хӯроку шустушӯ боз барои истеҳсоли семент рӯзе қариб 1800 мукааб метр об низ зарур аст. Аз ин рӯ, аз обанбори шаҳри Норак то ба ин ҷо ду қубури обрасон кашида шудааст.

- Баробари ба кор даромадани завод чанд нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд?
- Дар ин завод то 800 нафар дар се баст бо кор таъмин мегарданд…

Коргоҳи бузург дар Қалъаи Малик

Завод дар масоҳати ҳабдаҳ гектар доман паҳн кардааст. Боз дар як гектари дигар бунёди истгоҳи барқӣ дар назар дошта шудааст. Умуман, ба кор даромадани заводи сементи «Тоҷ-чайна-2013», ки бо саҳми ҶДММ «Ёқут – 2000» ва мутахассисони ширкати чинӣ бунёд гардидаасту шаст фоизи фоидаи он дар ҷумҳурӣ мемонад, ин мавзеи баландкӯҳро ба як шаҳраки ободу зебо ва ҷойи кори садҳо нафар шаҳрвандон табдил додааст. Инак, дар навбати аввали ба кор даромадани завод, ки то 600 ҳазор тонна семент истеҳсол карда мешавад, якбора 300 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Ба хотири бунёди ин корхона роҳҳо ва деҳоти гирду атрофи он ободу зебо ва бо барқу оби фаровон таъмин мегарданд.

Амруллоҳи ЗАБИР

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво