16 октябр 2018, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Таҷлили Рўзи Президент дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон

571
Таҷлили Рӯзи Президент дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон

Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмат ва талошҳои ҳамарӯзаи Президенти мамлакат, таҷлили Рӯзи Президент 16-уми ноябр дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ҷаласа вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, роҳбарон ва кормандони зерташкилотҳои Кумита иштирок намуданд.
Таҷлили Рӯзи Президент дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
Пас аз садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. ҳозиринро бо ин санаи муқаддас табрик намуд. Раиси Кумита қайд кард, ки боиси ифтихору хурсандист, ки моҳи майи соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд. Бо назардошти хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳамасола 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин санаро тамоми мардуми баору номуси кишвари азизамон ҳамчун яке аз идҳои муқаддас бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. аз саҳми беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи кишвар, мустаҳкам гардонидани пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол ва дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи бештар пайдо намудани Тоҷикистон ёдовар шуда, қабул гардидани 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» бисёр муҳим ва амри воқеӣ арзёбӣ намуд.
Ҷамшед Саидов вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Пешвои миллат дар таъмини сулҳу суботи кишвар, ваҳдату амнияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ ҳарф зад. Ў иброз дошт, ки роҳбари дурандеши давлати мо Эмомалӣ Раҳмон аз дақиқаҳои аввали фаъолияташон танҳо барои манфиати халқи худ хизмат карданд. Тамоми қувваю ғайрат, ҳастии худро баҳри хомӯш намудани оташи ҷанг, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон равона намуданд, то Ватанро аз мусибати ҷанг берун бароранд. Маҳз бо роҳбарӣ ва ташаббуси бевоситаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби муосири давлатдории миллии Тоҷикистон ташаккул ёфт. Тибқи Конститутсияи ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам таъкид месозанд, ки танҳо фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯсту маърифатнок метавонад дар рушду ободии Ватан ҳиссаи арзанда гузорад. Ба ин хотир бо ташаббусу дастурҳои Президенти Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳо доир мегарданд. Бо заҳмати пайвастаи Роҳбари давлат ҳамасола садҳо биною иншооти аҳамияти ҷумҳуриявидошта сохта ба истифода дода мешаванд ва мо имкони дар фазои сулҳу суботи кишвар зиндагӣ карданро дорем,-гуфт Ҷамшед Саидов.
Муовини Директори КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» Ҷумъа Зокир лаҳзае аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ёдрас шуда, ба сари қудрат омадани Сарвари давлатро дар он солҳо ба хотир овард:
-Албатта, дар тақдири Тоҷикистони соҳибистиқлол Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ нақши таърихӣ бозид. Дар рӯзномаи Иҷлосияи тақдирсоз як масъалаи муҳим – интихоби роҳбари нави давлат, ки мебоист зимоми давлатдориро, новобаста аз вазъияти хеле ногувору мушкил ба уҳдаи худ гирад, меистод. Ба сари қудрат фарзанди фарзонаи миллат, инсони далеру нотарс муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд ва аз суханронии аввалинашон ҷасурона, боэътимод ва ҳадафмандона ҳарф заданд, ки дар дили тамоми мардуми сарзаминамон шӯълаи нахустини умед ба ояндаи дурахшон пайдо шуд. Сарвари давлат ба ваъдаи бар халқ додаи худ «ман ба шумо сулҳ меорам, гурезагонро ба ватан бармегардонам» ва ҳазорҳо ваъдаҳои дигар вафо кард. Имрӯз мо ифтихор аз он мекунем, ки чунин як шахси оқилу доно давлатамонро сарварӣ мекунад ва мо низ сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатамонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ободии ватан саҳми босазо мегузорем.
Сардори давлат дар ҳар як баромади худ ба фаъолияти ҷавонони кишвар диққати махсус зоҳир намуда, ояндаи дурахшони Тоҷикистонро дар дили огоҳи ҳар як ҷавони баору номуси ватан мебинанд. Ҷавонони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷлили Рӯзи Президент изҳори хушнудӣ намуданд.
Таҷлили Рӯзи Президент дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
Саодат Холова - сармутахассиси Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони дастгоҳи марказии Кумита дар баромади худ гуфт, ки маҳз дар даврони истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Давлату Ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда муносибат намуда, нақши онҳоро дар пешрафти кишвар басо муҳим ва арзанда мешуморанд. Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ беҳуда таъкид нагардида буд, ки “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
-Дар навбати худ мо бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвари хеш ифтихор дорем! Мо, ҷавонони ватандӯст, ватанпарвар, қавиирода ва далеру шӯҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузорем, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунем, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоем ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузорем.
Таҷлили Рӯзи Президент дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
Албатта, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат имрӯз роҳнамои ҳар як ҷавони боирода аст. Самиев Абдулло-мутахассиси шуъбаи омузишии дастгоҳи марказии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ иброз дошт, ки маҳз Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам - Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гаштанашон ба ғами мардуми ҷафокашида сабукӣ оранд, ба дарди миллати азиятдида малҳам бахшанд, ашки андуҳро ба ашки шодӣ мубаддал гардонанд, хиради азалии тоҷиконро бедор созанд, фарҳангу тамаддуни асили миллиамонро поянда доранд.
Шараф ба абармарди бузурги миллат, ки чунин шароитҳои арзандаи зисту зиндагониро дар ҳамдастиву якдилӣ барои мову наслҳои мо муҳайё сохта истодаанд.
Мухбири «РБ»







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво