19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

1274
Гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷикДар қисми низомии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи милитсия гузашти низомии мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи марказии Раёсат, шуъбаҳои Вазорат дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Тавре аз РВКД хабар доданд, дар маросими гузашти низомӣ сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, номаи табрикотии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзодаро ба муносибати Рӯзи милитсия ба самъи ҳайати шахсии мақомот расонид.
Сардори раёсат Шариф Назарзода аз дастовардҳои милитсияи тоҷик дар даврони 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ёд карда, иброз намуд, ки «таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятнок буда, ҷомеа ва давлат ин вазифаҳоро ба дӯши мақомоти милитсия вогузор намудаанд».
Сипас, тибқи оини низомиён фармондеҳи гузашти низомӣ подполковники милитсия Бахтиёр Ҳошимов ба сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода оид ба омода будани ҳайати шахсии мақомоти милитсия ба гузашти низомӣ гузориш дод.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво