Кӯчаи Сомониён дусамта шуд

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Ваҳдат, хусусан раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир барномаи рушди шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2016 – 2020 таҳия гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст. Дар барнома бунёди иншоотҳои бузурги истеҳсолию хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, азнавсозии роҳҳою шабакаҳои обу корез ва дигар ободкориҳо ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади суръат бахшидан ба ин ободкориҳо соле пештар бо ташаббуси раиси шаҳр ҳайате иборат аз роҳбарони масъулу соҳибкорон ва ҳунармандону санъаткорон бо мақсади ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба ин ободкориҳою бунёди иншоот ба шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия сафар карда буданд. Натиҷаи ҳамин талошҳои раиси шаҳр аст, ки ду соли охир Ваҳдат ба як шаҳри сохтмонҳои азиму минтақаҳои ободкориҳо ва татбиқи нақшаҳои бузург табдил ёфтааст. Имрӯз ба кадом гӯшаи шаҳрамон назар андозем, ба чашм навгоние аз бунёду ободгарӣ мерасад. Чандин иншооти истеҳсолию биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаву бунёди боз чандин биноҳои дигар идома дорад. Ободонию азнавсозии роҳҳои дохили шаҳр низ яке аз бандҳои барномаи рушд ба шумор меравад. Чунончӣ, то ин дам кӯчаҳои асосии шаҳр – «20-солагии Истиқлолият», шоҳроҳи Рӯдакӣ, кӯчаҳои Туғрал, Саид Қурбонов ва Хуросон таъмиру азнавсозӣ ва ободу зебо гардонда шуд.

Кӯчаи Сомониён дусамта шуд

Тибқи барномаи рушди шаҳри Ваҳдат васеъкунӣ ва азнавсозии кӯчаи Сомониён, ки тавассути он нақлиёти ба самти водии Рашту Бадахшон ҳаракаткунанда мегузашт, низ ба нақша гирифта шуда буд. Аз соли нав инҷониб корҳои васеъкунию азнавсозӣ дар ин кӯча шуруъ гардида буд. Бояд қайд кард, ки васеъ кардани кӯчаи мазкур аз ҳар ҷиҳат муҳим буд. Зеро он то ин вақт яксамта буду нақлиёти аз он ба самти ноҳияи Файзобод ва дигар шаҳру ноҳияҳои води Рашту Бадахшон ҳаракаткунанда гузашта, дар бозгашт бо кӯчаи Фирдавсӣ, назди бозори марказии шаҳр ҳаракат карда, тамбашавӣ ва дигар мушкилотро ба вуҷуд меоварданд, ки соатҳо беҳаракатии нақлиёт ба чашм мерасид.

Инак, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр, дар рӯзи сафари кории Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат кӯчаи Сомониён, баъди азнавсозию васеъкунӣ мавриди истифода қарор додашуда, дар як вақт ҳаракати дусамтаи нақлиёт ба роҳ монда шуд.

Кӯчаи Сомониён дусамта шуд

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар азнавсозию васеъкунӣ ва ободонии роҳи мазкур коргарони раёсати хоҷагию манзили коммуналӣ ва сохтмонӣ (сарвараш Нарзулло Ғаюров), муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр (роҳбараш Карим Расулов), шабакаи барқ (сарвараш Файзиддин Қаландаров), корхонаи фаръии обтаъминкунӣ, корез ва гармидиҳӣ (роҳбараш Мавҷудшоҳ Зарифов), ҶДММ «Арендаи РМЗ» (Ғолибшоҳ Давлатов), муассисаи нақлиётии шаҳр, ҶДММ «Элок» (Қара Рабиев) ва филиали «Тоҷиктелеком» дар шаҳри Ваҳдат (Абдурофеъ Алиев) саҳми беандоза муҳим гузоштанд. Онҳо ҳар як дастуру супоришҳои раиси шаҳрро сари вақту босифат иҷро намуда, имкон фароҳам оварданд, ки роҳ дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода шавад. Имрӯз роҳи кӯчаи Сомониён аз 12 метр то ба 19 метр васеъ шуда, ба дарозии 1,2 километр бо маблағи 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз нав бунёд гардида, ҳаракати дусамтаи нақлиёт ба роҳ монда шудааст ва ҳусни шаҳри Ваҳдатро дучанд гардондааст.

Амруллоҳи ЗАБИР

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво