19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Конститутсия- санади муқаддасу тақдирсози миллат

1666
Конститутсия- санади муқаддасу тақдирсози миллат
«Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвари мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи пешрафт ва муаррифии шоистаи кишварамон ба оламиён мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар саросари ҷумҳурӣ 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. Дар тамоми корхонаю ташкилотҳои давлатӣ ба истиқболи таҷлили Рӯзи Конститутсия ҷаласа-машваратҳо баргузор мегарданд ва таърихи ба даст овардани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ва бобҳои алоҳидаи он шарҳ дода мешаванд.
Бо мақсади сӯҳбат оид ба мафҳум ва моҳияти Конститусия рӯзи 2-юми ноябр дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид. Дар ҷаласа Раҳмонзода А.А.- мутахасиси Раёсати қонунгузории сохтори Конститутсионии мудофиа ва амнияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуалимзода А.-муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Окимбекова З.-муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон роҳбарон ва кормандони масъули Кумита иштирок намуданд.
Конститутсия- санади муқаддасу тақдирсози миллат
Абдуалимзода А. пас аз сухани ифтитоҳӣ Конститутсияро санади танзимкунанда ва муайянкунандаи низоми давлатдории мустақил, кафолати ҳуқуқи озодихоҳии инсон ва шаҳрвандон арзёбӣ намуд. Ў гуфт, ки воқеан Истиқлолият ва Конститусия мафҳумҳои тавъам буда, якдигарро комил месозанд. Зеро давлати соҳибихтиёр бе Конститутсия вуҷуд доштан наметавонад ва дар навбати худ Конститусия ҳамчун санади олӣ ё комили асосии истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда, муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеаро инъикос ва таҳлил менамояд.
Раҳмонзода А.А. ҳозиринро бо фарорасии 22-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ў қайд кард, ки дар ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ ва эътироф кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми Конститусия назаррас аст. Раҳмонзода А.А. таърихи ба даст овардани Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ пурра ва амиқ шарҳ дода, ба бандҳои алоҳидаи он равшанӣ андохт.
Конститутсия- санади муқаддасу тақдирсози миллат
-Албатта, ҷомеае, ки талаботи ҳуқуқиро ҷавобгӯ нест ба ҳаёти носолим оварда мерасонад. Конститусия санади ягона, муайянкунандаи ҳадаф, вазифа, шакл ва моҳияти ҳар як давлат аст, ки тамоми унсурҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ҳар як шаҳрванди хориҷӣ ё Созмонҳои байналмилалӣ нахустмаълумотро дар бораи ин ё он давлат маҳз аз Конститусияи он дастрас карда метавонад.
-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча 10 боб ва 100 модда иборат аст. Дар дебочаи Конститутсия тамоми мақсаду ормонҳои мардуми ҷумҳурӣ ва бобҳои алоҳидаи он дарбаргирандаи тамоми самтҳои фаъолияти давлат мебошад.
Ба иттилои Раҳмонзода А.А. бо мақсади табдил додани Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагии доимамалкунанда соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
-Соли 2003 ҷиҳати пурра мутобиқ намудани Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми санадҳо ва ҳуқуқҳои байналмилалӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд тағйироти дигар ворид шуданд.
-Ниҳоят бо таклифу пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақоматҳои давлатӣ 22-юми майи соли 2016 бори сеюм ба 40 банди Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Аз ном ва матни Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани калимаи Сарқонунро Раҳмонзода чунин шарҳ дод: -«Сарқонун ифодакунандаи тамоми хислатҳои Конститусия нест ва он танҳо аз ҳама боло будани қонунҳоро ифода мекунад. Хислатҳои дигар, аз ҷумла сохт муқарракунӣ, қонуни асосӣ, ифодакунандаи арзиши олии ҷомеаи шаҳрвандиро мафҳуми Сарқонун ифода карда наметавонад».
Конститутсия- санади муқаддасу тақдирсози миллат
Раҳмонзода А.А. ба тағйиру иловаҳои дигар-ислоҳот дар имлои забони тоҷикӣ, низоми фаъолияти мақомотҳои давлатӣ, шомил шудан ба категорияи хизмати давлатӣ, дастрасии ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон ва ғайра ба таври амиқ ва муфассал равшанӣ андохт.
Мухбири «РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво