Қайроққум: ифтитоҳи чанд иншоот дар як рӯз

Имрӯзи тирамоҳи заррин барои сокинони шаҳри соҳили «Баҳри точик»- Қайроққум аз ҳаррӯза дида гуворотар ва дилнишин буд. Қабои сарсабзу пардаи нозуки гулҳои рангоранги навшукуфтаи кӯчаю роҳрав ва ду канори роҳи марказиро гӯиё « ашки шабнам» гавҳаромез боз ҳам тароватомезу муаттар карда, аз вазидани насими субҳгоҳӣ баргҳои зарҳалини дарахтон ҳамчу пояндоз зери қадами шаҳриён буданд.

Иловатан ба тантанаҳои иди 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун дар як рӯз, дар шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» - Қайроққум чанд иншоотҳои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангидошта бо иштироки бевоситаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки бешубҳа, рӯзи шодӣ буду хуррамӣ ҷиҳати шукуфонии минбаъдаи шаҳру рӯзгори осоиштаи сокинонаш.

Нахуст Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар бӯрёкӯбони кормандони Ҷамоати шаҳраки Сирдарё, ки ба бинои нави замонавии ду ошёна кӯчиданд иштирок кард. Бинои нави бо таври муосир таъмиру тармимшуда аз ду ошёна иборат буда аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр дар масоҳати 500 метри мураббаъ аз таҷдид ва таъмири асосӣ бароварда шудааст барои фаъолияти босамар тамоми шароитҳои замонавӣ муҳайёст.

Дар ошёнаи дуввуми бино бошад ба хотири амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё кардани ҳунарҳои миллӣ: аз қабили қолину адрасбофӣ ва сӯзанидӯзӣ бо ҷалби занону духтарони бекор Маркази таълимию истеҳсолӣ таъсис ёфта, 4 адад дастгоҳи бофандагӣ бо дастгирии раиси вилоят ройгон тақдим ва васл шудааст. Шароит фароҳам омад, ки дар марҳилаи нахуст 20 духтаракон ин ҷо ба таълим фаро гирифта шуда соҳиби касб шаванд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба ҳалли ҷиддии масоили иҷтимоӣ, ба вижа бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таъкид дошт. Мусаллам аст, ки шаҳри Қайроққум миёни дигар шаҳру навоҳии мамлакат чун аз марказҳои рушдёфтаи саноатӣ эътироф шудааст. Феълан дар ин ҷо корхонаҳои азими муштараки Тоҷикистону Хитой, Тоҷикистону Канада, Тоҷикистону Қазоқистон оид ба истихроҷу коркарди маъдан, ҶСШК «Қолинҳои Қайроққум», нерӯгоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо», корхонаи истеҳсоли шиша ва дахҳо коргохҳои гуногуни истеҳсолӣ фаъолият дошта, дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ нақши муассир мебозанд. Ба ваҷҳ ҳам нест, ки аксари корхонаҳои зикршуда қатори андозсупорандахои бузурги шомил буда дар ғанӣ гаштани буҷаи мамлакат нақши муҳим доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳарсол бунёди як ё ду корхонаи истеҳсолӣ дар ин ҷо ба ҳукми анъана медарояд.

Имрӯз бошад Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ боз ба ифтитоҳи як коргоҳи замонавии истеҳсоли ноқилҳои мисин асос гузошт, ки дар бозори ҷаҳонӣ ба ин намуди маҳсулот талабот зиёд аст. ҶДММ «Суғдкабел» бо сарварии соҳибкор Зафар Мирхолиқов ба маблағи лоиҳавии 1,5 миллион сомонӣ коргоҳи мазкурро бунёд кард, ки бо ашёи хоми воридотӣ аз кишварҳои Россия ва Эрон бо иқтидори истеҳсолии маҳсулот то 300 ҳазор сомонӣ дар як моҳ фаъолият мекунад. Дар коргоҳи нав дар марҳилаи аввал 12 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши мӯътадил дар ҳадди 700 сомонӣ таъмин мешаванд.

Дар доираи амалисозии Барномаи вилоятии «Роҳҳои обод» дар ин рӯз ҳамчунин бо ширкати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳр мумфаршкунии роҳи мошингард дар масофаи зиёда аз 1 километр оғоз ёфт.

Боз дар маркази шаҳри Қайроққум бо ибтикори ҶДММ «Ариана Л», бинои кӯдакистони хусусии «Наргис» барои қабули 240 нафар баъди таъмиру тармими асосӣ ба истифода дода шуд. Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2012-2016» ва дастгирии давлатии бахши хусусӣ дар самти ташкил ва таъсиси муассисаҳои таълимӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо соҳибкор О. Мадалиев қарордод дар бораи ба мӯҳлати 20 сол ба иҷора додани бинои бекорхобидаи собиқ кӯдакистон баста шуд.

Тарбиятгирандагон бо тамоми шароитҳои таълимию фароғатӣ таъмин мебошанд. Ин дуввумин кӯдакистони хусусӣ дар шаҳри Қайроққум мебошад ва ин иқдоми муҳимест дар ҳалли масъалаи таъмини тифлакон бо кӯдакистон.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ғамхориҳои ҳукумат ва давлати Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи наврасон ҳарф зада, доир ба рушди минбаъдаи муассисаҳои томактабӣ дар ҳамаи шаклҳои андешаҳои худро баён кард. Рӯшан гашт, ки феълан дар вилоят 23 муассисаҳои томактабии хусусӣ фаъолият мекунанд ва дар ин самт пешравӣ ба мушоҳида мерасад.

Қайроққумшаҳр чун дигар шаҳру навоҳии мамалкат дорои Боғи фарҳангиву истироҳатӣ буд, аммо бо дараназрдошти он ки нуфузи аҳолии шаҳр солҳои охир афзуда, чандин осоишгоҳо бунёд меёбанду омаду рафти меҳмонон зиёд шудааст бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахр тасмим гирифта шуд, ки бевосита дар маркази шаҳр боз як боғи замонавии фарҳангию фароғатӣ ҷавобгӯй ба талаботи муосир бунёд карда шавад. Инак, боғи нав, дар масоҳати 0,7 гектар доман паҳн карда, лоиҳаи онро меъморони худи шаҳр тарҳрезӣ кардаанд, ки хеле ҷолиб ба чашм мерасад. Пайкараи модар дар оғӯшаш тифл, саҳна барои намоиши барномаҳои мусиқиву театрикунонидашуда, фаввораи замонавӣ, ҷӯйбор ва обшори сунъӣ боғро ба назар басо дилчасп падидор мегардонанд. Дар бунёди ин боғи фарҳангӣ ҶДММ «Авитсена», ҶДММ «Ариана Л» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр саҳм гузоштанд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо иштироки зиёди меҳмонон, сокинони шаҳр ба оғози фаъолияти ин маркази фарҳангию фароғатии нав ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки ин Боғи фарҳангӣ тӯҳфаи хубест дар соли дар вилоят эълон шудани «2015 ҳамчун соли рушди фарҳанг». Ва ба хотири он ки иншооти мазкур дар 24-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бунёд ёфтааст унвони Боғи фарҳангӣ ва фароғатии 24 солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро ба худ гирад. Ин пешниҳоди Раиси вилоятро ҳозирин ба хушнудӣ пазируфтанд.

Сокинони шаҳр бо шукргузорӣ аз давлату давлатдорӣ ва сулҳу суббот, ки самари бевоситаи талошу такопӯйҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад аз ин иқдомҳои созандаву бунёдкорӣ ҷонибдорӣ карда, ҳиссагузории худро дар ҷода таъкид месозанд.

Матлубахон Амонзода, раиси шаҳри Қайроққум дар сӯҳбат иттило дод, ки танҳо дар давоми 8 моҳи сипаришудаи соли равон дар шаҳру шаҳракҳо шаш корхонаи истеҳсолӣ ва чандин иншоотҳои фарҳангӣ мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтанд. Ва ҳадафи ниҳоӣ аз ин идомаи корҳои созандаву бунёдкорона баҳри шукуфоии диёру муҳайёсозии шароит барои зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Ҷовиди Аштӣ

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво