20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба 60- солагии таъсиси он Конфронси VIII байналмилалӣ барпо мегардад

1181
Конфронси VIII байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди илм ва маориф» рӯзҳои 3 ва 4 ноябри соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор мешавад.
Тавре ки аз раёсати ДТТ ба номи академик М.Осимӣ хабар доданд, дар рӯзи аввали конфронс дар бинои асосии донишгоҳ намоиши дастовардҳои донишгоҳ ба тамошо гузошта мешавад.
Дар кори конфронс олимон, мутахассисон ва намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, вазорат ва идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, инчунин омӯзгорон ва аспирантони ихтисосҳои техникии муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок хоҳанд кард.
Конфронс ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60-умин солгарди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бахшида мешавад.
Мақсад аз баргузории конфронс мубодилаи иттилооти илмӣ-амалӣ мебошад, ки роҳҳои пешрафт ва рушди техника ва технологияи навин, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар баланд бардоштани сифати таълим ва татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ, роҳандозии робитаҳои корӣ ва муносибатҳои тиҷоратиро дар ин самт муайян месозад.
Дар конфронс инчунин олимони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон ширкат мекунанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво