25 июн 2018, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Конститутсия- бахтномаи миллати тоҷик

425
«Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».
Эмомалӣ Раҳмон

«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст». Ин матлаб имрӯз зимни баргузории ҳамоиш дар мавзӯи «Конститутсия — бахтномаи миллат», ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рузи Конститутсия доир гардид, зикр шуд.
Таъкид гардид, ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт. Дар ҳамоиш вакилони Парлумони Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ, ҳуқуқшиносону коршинсон доир ба аҳамияти таърихии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар паҳлӯҳои ин санади барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони кулли халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодати ин гуфтаҳост.
Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ қабул намуданд. Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.
Мавриди зикр аст, ки бо назардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон се маротиба- солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво