Лаҳзае дар мавзеи хаймавӣ

Инсон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои худ тамоми шароити заруриро барои зиндагӣ фароҳам ораду осудаҳолона умр ба сар бубарад. Ҳар як гӯшаю канори диёрро обод карда, мавзеи наверо бунёд мекунад. Гарчанде табиат бо муаммоҳои нотакрори худ дар як он метавонад меҳнати чандинсоларо зери об занад, ба оташ фурӯ барад, зари хок кунад. Вале инсон боз ҳам паи ободию созандагӣ мешавад, баҳри ояндаи нек дубора ба эҳё мепардозад.

Офати табии моҳи июл дар ноҳияи Шуғнон ба сокинони ин минтақа хисороти зиёд ворид намуда, онҳоро аз хонаю дар маҳрум сохт. Расо се моҳ мешавад, ки онҳо дар хонаи хаймавӣ зиндагӣ мекунанд. Хушбахтона, бо шукргузорӣ аз истиқлолияти кишвар бо дастгирии бевосити Сардори давлат барои осебдидагони офати табиӣ манзил ҷудо карда шуду дар рӯзҳои наздик соҳиби хона хоҳанд шуд.

Вақт имкон доду мавзеи хаймавиро аз наздик дидаму лаҳзае зиндагии мардумро дар он ҷо мушоҳида намудам.

Бунёди хонаҳои истиқоматӣ

Дар мавзеи хаймавӣ барои осебдидагони сели деҳаи Барсем мардум ва коллективҳои меҳнатӣ ҳамарӯза дастаҷамъона ба хотири бунёди ҳарчӣ зудтари хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагон ҷаҳду талош доранд. Сохтмончиён ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, меҳнат карда истодаанд. Чун ба табиати зебо менигарӣ эҳсос мекунӣ, ки ҳама ҷо сабзу хуррам, ҳавои форам, оби тозаю меваю сабзавот фароҳам аст. Аммо чун ба баландие, ки барои сокинони осебдида мебароӣ, зиндагӣ тамоман дигар аст. Ғайр аз хаймаву чангу ғубор, мошинҳои боркашу инсони меҳнаткаш дигар чизе ба чашм намерасад. Дасти инсон гул аст-мақолест, ки байни мардум зиёд маъруф аст. Аз ин рӯ бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар кӯтоҳтарин муддат ин дашти беобу бедарахт ба гулзори ирам табдил меёбад. Зеро коргарону сохтмончиён бо дилу нияти пок машғули коранд ва ният доранд, ки ин мавзеро ҳарчӣ зудтар обод созанд.

Лаҳзае дар мавзеи хаймавӣ

Лаҳзае дар мавзеи хаймавӣ

Дар як тарафи хаймаи калон оинаи нилгун гузошта шудаасту сокинон аз рӯйдоду навигариҳои минтақа ва ҷаҳон сари вақт огоҳ мешаванд. Субҳи барвақт кормандони муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ихтиёрон ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ машғул шуда, то сафедии охирини рӯз ва ҳатто баъзан дар торикии шаб меҳнат мекунанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масолеҳи сохтмонӣ ва маводи сӯзишворӣ пурра дастрас карда шудаасту бунёди хонаҳои маскунӣ барои бошандагон аз ҳисоби кормандони идораву муассисаҳои вилоят бо ҷалби деворгарону дуредгарон бо маром идома дорад.

Кор дар ин минтақа дар ҷӯшу хурӯш ҳасту вақти холӣ ёфтан ғайриимкон аст. Сохтмончиён ният доранд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар бобати сари вақт ва бо сифати баланд ба итмом расондани сохтмони хонаҳоро иҷро карда, то нимаи аввали моҳи ноябр калиди хонаҳоро ба дасти соҳибонашон супоранд. Аксари идораву муассисаҳои давлатӣ корҳои сохтмониро анҷом дода, ба андовакунӣ ва рангу боркунӣ шурӯъ карданд.

Бо талоши ҳаррӯзаи роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ, Ҳукумати кишвар ва аҳолии шаҳру вилоят ғамхориҳои ҳаррӯза дар мавриди расондани кӯмакҳои башардӯстона ба зарардидагони офати табиӣ, бартарафсозии оқибатҳои офат мунтазам ҷараён дорад.

Албатта, мақсад аз дидани шаҳраки хаймавӣ аз наздик бо зиндагии сокинони мавзеи Барсем ва рафти корҳои сохтмонӣ шинос шудан аст. Бо ин васила, бо чанд тан аз сокинони ин минтақа ҳамсӯҳбат шудем. Ҳалима Гулзорова як тан аз сокинони мавзеи Барсем аз кӯмакҳои ҳаррӯза изҳори сипос баён намуда, гуфт:
-«Дастгирии Ҳукумат ва мардум умеди мо зарардидагони офати табииро ба ояндаи нек дучанд афзун намуд. Тасаввур кунед, ки агар ин кӯмаку ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ намешуд, мо дар кадом ҳолат қарор медоштем. Гарчанде бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ аз ҷумла ба кишвари мо низ таъсири худро расонидааст, аммо сарфи назар аз ин давлат бо истифода аз имконоти дохилӣ ҳамарӯза дасти мадад ба сӯи мо дароз мекунад».

Саодатшо Султонсалимшоев нафақахӯр аз деҳаи Барсем, ба ҳайси ронанда дар кори давлатӣ фаъолият намудааст ва 41 сол собиқи умумии корӣ дорад. Ў барои дастгирии бевоситаи зарардидагон аз офати табиӣ барои давлату Ҳукумат изҳори ташаккур ва миннатдории худро баён намуд. Сохтмончиён, ки асосан сокинони деҳаҳои гирду атрофи Сучонро ташкил медиҳанд, кори худро канор гузошта, барои мо хона месозанд, гуфт амаки Саодатшо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, роҳбарону муассисаҳои давлатӣ субҳу шом аз ҳолу аҳволи мо хабар мегиранд, моро бо тамоми маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷа таъмин карданд. Хуллас, сокинони аз офати табиӣ осебдида аз дастгирии Сардори давлат миннатдоранду шукри Истиқлолияти кишвар мекунанд.

Пардохти нафақапулии бознишастагони аз офати табиӣ осебдида дар мавзеи хаймавӣ тариқи хизматрасонии «Амонатбонк» низ ба роҳ монда шудааст. Нафақахӯрон имкон доранд сари вақт пули нафақаро бигиранд.

Сокинони осебдида дар баробари молу амвол инчунин шиносномаву дигар ҳуҷҷатҳои заруриро аз даст доданд.

Лаҳзае дар мавзеи хаймавӣ

Лаҳзае дар мавзеи хаймавӣ

Бо Мадина Ватаншоева ҳамсӯҳбат шудем, ки барои гирифтани шиноснома ба утоқи ситоди Раёсати корҳои дохила, ки дар шаҳраки хаймавӣ бо роҳбарии Мақомоти маҳаллии вилоят таъсис дода шуд, омадааст. Тамоми ҳуҷҷатҳоям дар хона монда буданд, гуфт Мадина ҳоло шиносшомаамро мегираму барои аз нав барқарор кардани шиносномаи таҳсилам (диплом) боз ягон фикр мекунам. Шояд барои аз нав гирифтани диплом ҳам ба мо кӯмак кунанд.

Дар утоқи ситоди Раёсати корҳои дохила сокинони аз офати табиӣ зарардида навбат истода, кормандони Раёсат онҳоро бо шиносномаҳо таъмин мекунанд.
Бо ташаббуси мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шуғнон Рухсора Ошурбекова шаҳодатномаи наврасону кӯдакон ва шаҳодатномаи ақди никоҳ низ барқарор карда шуданд.

Аз рӯзи аввали бунёди нахустин хаймаҳо саҳми кормандони тиб дар мавриди расондани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ ба эҳтиёҷмандон назаррас аст. Аз ҳисоби беморхонаи минтақавӣ навбатдории шабонарӯзӣ дар шаҳрак ҷорӣ карда шуда, маводи дорувории ройгон аз ҳисоби Раёсати тандурустӣ, Барномаи тандурустии Бунёди Оғохон ва Ҳилоли Аҳмар таъмин мегардад.

Фароғату таҳсил дар Суғд

Сел ғайр аз хонаҳои истиқоматӣ мағозаю дӯконҳо ва мактабу хонаи фарҳангро низ хароб кард. Лоиҳаи мактаби нав барои хонандагон дар шаҳраки хаймавӣ таҳия карда шудааст. Аммо чун соли хониш фаро расид сохтмони он пурра ба анҷом нарасидааст. Аз ҳамин сабаб фарзандони хонаводаҳои зарардида аз офати табиӣ дар Суғд истироҳат ва таҳсил мекунанд. Ба иттилои муовини раиси вилоят Гулдаста Орумбекова 107 хонандаи макотиб аз ноҳияи Шуғнон моҳи июл ба осоишгоҳҳои вилояти Суғд сафар намуданд. Ба гуфтаи манбаъ бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ мактаббачагон дар осоишгоҳҳо дам мегиранд ва сипас нимсолаи аввали таҳсилро дар мактабҳои он ҷо идома медиҳанд. Корвони сафарро аз хонаводаҳои зарардидаи ноҳияи Шуғнон 62 нафар, аз ҷумла 32 писар ва 30 духтар ташкил дода, онҳоро 4 нафар омӯзгорони ботаҷрибаи макотиби ВМКБ ҳамрохӣ намуданд.

Чун бо Арамбегим Султоншоева дар ин бобат ҳамсӯҳбат шудем, аввал ашк рехту пасон сӯхбаташро идома дод. Фикр мекунам, ки ашк ашки шодӣ буд, зеро бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар дар ин рӯзҳои сахту сангин ашки андӯҳ рехтан ношукрист. Се нафар фарзанди холаи Арамбегим дар Суғд таҳсил мекунанду ӯ ҳамроҳи шавҳараш ҳоло дар хонаи хаймавӣ сукунат доранд. Онҳо аз ин иқдоми неки Ҳукумати кишвар боварӣ доранд, ки фароғату таҳсили фарзандонашон дар Суғд ба ҳолати равонии кӯдакон таъсири мусбат гузошта, ба таҳкими ваҳдат ва дӯстӣ байни манотиқи гуногун мусоидат мекунад.

Қитъаи роҳи харобгардида барқарор шуд

Бунёдкорӣ дар шаҳраки навбунёд ҳамарӯза идома дорад. Ҳамчунин роҳсозони ватанию хориҷӣ баъди меҳнати чандрӯза кӯҳпораи азим дар деҳаи Колхозободро рахна намуда, роҳро барои идомаи кори механизму техника ҳамвор намуданд.

Барқароркунии қитъаи харобгардидаи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма, ки дар натиҷаи офати табиӣ дар деҳаи Барсем рух дода, зери сел ва об монд, бомаром идома дорад. Масоҳати умумии қитъаи харобгардида 4 км буда, аллакай як километр роҳи қитъаи мазкур барқарор карда шуд. Чи хеле, ки Маҳмадҷон Ширинҷонов-сардори муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои вилоят иброз намуд, роҳсозон аз механизму таҷхизоти зарурии роҳсозӣ пурра таъмин буда, корҳои барқарорсозии қитъаи харобшуда шабу рӯз идома дорад. Барои бунёди роҳ дар баробари роҳсозони ватанӣ, ҳамчунин мутахассисони хориҷӣ низ ҷалб шудаанд. Сохтмончиён машғули коранду сангҳои азимро бо пармаву таркиш пора намуда, тоза менамоянд. Айни замон мусофирон аз роҳи пиёдагард, ки тариқи кӯҳ мегузарад, истифода менамоянд. Аз болои кӯли дар натиҷаи банд шуданиоби дарёи Ғунд ва рӯдхонаи Шорвдара пайдо шуда бошад, корафтодагонро қаиқрони Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, ки шабу рӯз дар ин мавзеъ қарор доранд, мегузаронанд.

Дурии роҳи куҳан кӯтоҳ шуд, аммо…

Дар ин ҷо техникаву механизмҳои вазнин ба кор ҷалб карда шудаанд. Маврид ба ёдоварист, ки дар таъмиру барқарорсозии қитъаи роҳи харобгардида ҳиссаи корхонаҳои калони давлатӣ бениҳоят бузург аст. Ширкати «Xinjiang Beixin Road», ки таъмиру барқарорсозии роҳҳои харобгардидаи ҷумҳуриро ба танзим меорад, дар барқарор намудани қитъаи мазкур низ саҳмгузор аст. Аммо кормандонаш аз омадан ба Помиру бозгашт ба Душанбе дар ҳаросанд, зеро роҳи Душанбе-Хоруғ дар ҳолати бади садамавӣ қарор дораду таъмирталаб аст. Ҳарчанд кормандони роҳ дар фасли гармо онро таъмир мекунанд, аммо зимистони тӯлонӣ ва барфу борони аз ҳад зиёд боиси фаромадани селу тарма магардаду меҳнати роҳсозонро хароб мекунад.

Лаҳзае дар мавзеи хаймавӣ

Лаҳзае дар мавзеи хаймавӣ

Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ягона масирест, ки мардум тавассути он рафту омад доранд. Ин роҳ на танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои ҷаҳонгардони хориҷӣ низ хизмат мекунад.

Чи хеле ки Диловар-ронандаи мошини боркаш, корманди Ширкати «Xinjiang Beixin Road», ба мо иттилоъ дод, расо 13 сол тавассути роҳи мазкур бор мекашаду борҳо ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шудааст. Тамоми техникаю механизмҳои роҳсозӣ аз ин ширкат оварда шудаанд ва чун роҳ таъмир шуд онҳо бо мақсади бурдани техника ба ин мавзеъ омаданд. Ҳамсӯҳбатамон иброз дошт, ки тайи се рӯз дар роҳ буданду ҳангоми ҳаракат аз самти Дарвоз ба тарафи Ванҷ аз сабаби танг будани роҳ ва убур кардан натавонистан мошинашон қариб чаппа мешуду бо азоб аз байни сангҳои аз кӯҳ афтида мегузаштанд.
Ҳамарӯза кӯмаки корхонаҳои давлатӣ ба ин мавзеъ тавассути чархболу мошинҳои боркаш фиристода мешавад ва масъулон онро барои сокинони мавзеи хаймавӣ тақсим мекунанд.

Ҳамаи корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ таҳти назорати доимии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед қарор доранд ва шомгоҳон фаъолияти муассисаву идораҳо таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ карда мешаванд.

Фирӯза Музофирова
н. Шуғнон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво