24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар вилояти Хатлон 32 варзишгоҳ ва 3 маҷмааи варзишӣ фаъолият доранд

928
Дар вилояти Хатлон айни ҳол 32 варзишгоҳ, 2895 майдончаи оддии варзишӣ, 10 толори варзишӣ бо ҷои нишаст, 476 толори варзишии бе ҷои нишаст, 24 ҳавзи шиноварӣ, 3 ҳавзи шиноварии пӯшида, 3 маҷмааи варзишӣ, 1 маркази варзишӣ ва солимгардонӣ мавриди амал қарор доранд.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, маблағгузории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш сол то сол беҳтар гардида, дар соли 2016 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ 12 миллиону 496 ҳазору 217 ва аз ҳисоби манбаъҳои дигар 816 ҳазору 990 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2015 як миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тарбияи кадрҳо ва таъмини муассисаҳои варзишӣ бо мутахассисон низ дар вилоят сол то сол ҳалли худро ёфта, то имрӯз дар вилоят 554 нафар мураббиён дар мактабҳои варзишӣ ба 12880 нафар машқ медиҳанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво