28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтихорномаи ректори ДДХ ба волидони донишҷӯён: кори бонизоми омӯзгор ва падару модаронро роҳандозӣ бояд кард!

1028
Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Шермамад Ҷонмамадов дар ҳузури бештар аз 500 донишҷӯ ба гурӯҳе аз волидони донишҷӯён, ки фарзандонашон бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд ва дар барномаҳои фарҳангию варзишии шаҳру вилоят ширкати фаъол доранд, ифтихорномаҳо тақдим кард. Зимни супурдани ифтихорномаҳо ректори донишгоҳ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ёдовар шуда гуфт: «Қонуни мазкур бо тақозои замони муосир, баъди афзоиши рӯзафзуни таъсири фарҳангу суннати ҷаҳони берунӣ ба василаи шабакаҳои мухталифи электронӣ ба тасвиб расид. Фарзандони мо ҳангоми истифода аз ин шабакаҳо дар баробари иттилои зарурӣ, ҳамчунин бо бисёр гузоришу матолиби дурушту ихтилофангез рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба арзишҳои миллии мо созгор нестанд. Ин метавонад рафтору кирдори онҳоро ноаён тағйир диҳад ва мо замоне аз ин огоҳ мешавем, ки ислоҳаш ғайримумкин мегардад. Қонуни мазкур бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки дар таълиму тарбияи фарзандонамон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем, зеро ин на танҳо ба оилаи мо, балки ба ҷомеа ва кишварамон зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ёдовар шуда, ба устодону донишҷӯён ва волидони онҳо таъкид менамояд, ки зираку ҳушёр бошанд ва ба доми ифротгароён наафтанд».
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки чун ҳамеша, масъалаи ҳифзи шаҳрвандони мо аз таъсири ин гуна тарғибот ва пешгирии ҷалби онҳо ба сафи ташкилотҳои терррористиву экстремистӣ муҳим боқӣ мемонад. Дар ин ҷо кори ҳаррӯза ва бонизоми ҳар як омӯзгор ва корманди соҳаи маориф дар якҷоягӣ бо падару модарон зарур аст.
Ректори донишгоҳи мазкур бори дигар ба волидони донишҷӯён, ки ҳамеша бо устодон ҳамкорӣ мекунанд ва ҷараёни таҳсили фарзандонашонро пайгирӣ менамоянд, изҳори сипос кард. Аз устодон даъват намуд, ки барои барқарор кардани робитаи доимӣ бо волидон худашон низ бештар саъю талош кунанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво