19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Конфронси СММ оид ба манзил ва рушди устувори шаҳрҳо (Habitat 3) иштирок намуд

1036
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Конфронси СММ оид ба манзил ва рушди устувори шаҳрҳо (Habitat 3) иштирок намуд19 октябри 2016 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷаласаи пленарии Конфронси СММ оид ба манзил ва рушди устувори шаҳрҳо (Habitat 3), ки рӯзҳои 17-20 октябри 2016 дар шаҳри Китои Эквадор баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Намояндаи доимӣ зикр кард, ки Habitat III платформаи саривақтиро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор (SDGs) таъмин намуда, имкониятро барои муҳокимаи нақшаҳои оянда оид ба бархӯрди дастаҷамъона ба тамоюлҳои кунунии таъсиркунанда ба шаҳрҳо, шаҳракҳо ва дигар минтақаҳои шаҳрӣ фароҳам хоҳад овард.
Дар ин робита, Намояндаи доимӣ аз мушкилоте, ки Тоҷикистон бо онҳо рӯбарӯ мебошад, аз ҷумла офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, мушкилоти демографии маҳаллаҳо ва норасоии неруи барқ дар фасли зимистон ёдовар шуд. М. Маҳмадаминов таъкид кард, ки Тоҷикистон ба наздикӣ «Стратегияи миллии рушд то соли 2030»-ро қабул намуд, ки роҳҳои ҳалли тамоми мушкилоти зикршударо дар бар мегирад.
Намояндаи доимӣ иштирокдоронро бо ташаббуси нави Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор 2018-2028», ки соли равон дар Маҷмаи Умумии СММ пешбарӣ мегардад, шинос намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки ин иқдоми муҳим ба ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҲРУ-и вобаста ба об кумак хоҳад кард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво