20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазири энергетикаи АМА Суҳайл Ал Мазруӣ таваҷҷуҳи зиёди Эмомалӣ Раҳмонро ба бахши энергетика баланд арзёбӣ кард

780
Амороти Муттаҳидаи Араб орзуманд ва ҳавасманди он аст, ки дар оянда табодули молу тиҷорат байни ду кишвар рушд дода шавад ва дар ин замина муносибатҳои байни ду мардуми бародар таҳким ёбанд. Ин матлабро вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруӣ имрӯз баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон баён намуд.
Суҳайл Ал Мазруӣ инчунин зикр кард: «Мо андеша ва стратегияи Роҳбари давлати Тоҷикистонро дар мавриди содироти қувваи барқ ба кишварҳои ҳамсоя бисёр муҳим ва арзанда арзёбӣ мекунем ва умедвор ҳастем, ки ин стратегия дар солҳои наздик амалӣ хоҳад шуд».
Ба андешаи вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли равон ба давлати Аморати Муттаҳидаи Араб як заминаи хуберо барои рушди ҳамкории дуҷониба гузошт ва ин сафар як фурсати хубе барои баррасии ҳамкории дуҷониба дар самти сармоягузорӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ арзёбӣ гардид.
Суҳайл Ал Мазруӣ андешаҳо ва нишондодҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои гуногунранг намудани иқтисодиёти ҶТ ва махсусан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардан ба бахши энергетика баланд арзёбӣ карда, иброз намуд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари он ки дорои табиати бениҳоят зебо аст, инчунин дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад ва ин амрест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ яке аз кишварҳои пешсаф дар ҷодаи неруи азнавбарқароршаванда қарор додааст».
Вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб аз меҳмоннавозии самимона ва гарми роҳбарияти олии кишвар сипосу минатдории беандоза иброз намуда, иттилоъ дод, ки дар доираи сафараш бо ҳайати ҳамроҳ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дидан менамоянд. Мақсади ҳайати баландпояи Аморот аз дидани минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон аз таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт бохабар шудан ва дар оянда аз имкониятҳои нави ҳамкорӣ бархӯрдор шудан аст.
Бояд тазаккур дод, ки аз оғози барпошавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум рушд меёбад.
Тоҷикистон ва Аморот дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) муносибатҳои хуб доранд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои арабӣ бо Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкории иқтисодию тиҷорати бештар дорад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво