29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Нархи оби нӯшокӣ барои хонаҳои аз 12-ошёна боло гарон меафтад

1759
Шурӯъ аз 1 октябри соли равон нархи истифодаи оби нӯшокӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 20 % боло бурда шуд.
Тавре ки аз Корхонаи «Обу корези Душанбе» иттилоъ доданд, нафароне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунак насб кардаанд, акнун барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 63 дирам пардохт мекунанд. Қаблан ин нафарон барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 53 дирам медоданд.
Аз ин пас корхонаҳои ғайрибуҷавӣ ба ҷойи 4 сомониву 48 дирам барои 1 метри мукааби оби нӯшокӣ 5 сомониву 38 дирамӣ пардохт мекунанд.
Инчунин барои нафароне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунак насб накардаанду дар ошёнаҳои аз 1 то 12 зиндагӣ мекунанд, барои истифодаи оби нӯшокӣ 6 сомониву 79 дирам барои як аъзои оила ва аз ошёнаи 12 боло 8 сомониву 51 дирам пардохт хоҳанд кард.
Ҳамчунин аз якуми январи соли 2017 болоравии нархи оби нӯшокӣ барои корхонаҳои буҷавӣ низ дар нақша гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво