20 октябр 2018, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Таъмири 50 км роҳҳои мошингарди Гулистон

476
Таъмири 50 км роҳҳои мошингарди Гулистон Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи «Барномаи вилоятии роҳҳои обод», ки давоми се соли охир ҷараён дорад, дар самти таъмиру навсози роҳҳои асосии мошингард корҳо идома доранд. Тавре масъулин аз бахши нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд, дар шаҳраки барқчиён дар доираи иҷрои барномаи мазкур соли равон корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
То 10 октябр дар миқёси ҷамоату шаҳракҳои шаҳри Гулистон 49 км роҳҳои мошингард таъмиру тармим гардиданд, ки аз он дар масоҳати 3 км корҳои таъмири асосӣ, 21 км таъмири ҷорӣ ва 25 км корҳои шағалпӯшкунӣ ба анҷом расонида шуда, кормандони идораи таъмири роҳҳои шаҳр азм доранд бо истифода аз ҳавои мусоид то оғози фасли сармо дар самти ободониву таъмири роҳҳои маркази шаҳр, Ҷамоати шаҳракҳои Консой, Сирдарё, Адрасмон ва Зарнисор боз чанд километр роҳҳоро аз таъмир бароранд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво