20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қадам ба фардо бо беҳтарин лоиҳаҳо

1006
Қадам ба фардо бо беҳтарин лоиҳаҳо
Маросими супоридани ҷоизаҳо ба иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Қадам ба фардо» дирӯз дар Душанбе доир гардид.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар озмуни мазкур наврасон ва ҷавонон аз мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои манотиқи кишвар ширкат варзида, лоиҳаҳои худро вобаста ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла: кимиё, тиб, механика, физика, байторӣ, металлургия, гармидиҳӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо, пешниҳод намуданд.
Дар маҷмӯъ 76 лоиҳа аз ҷониби аъзои ҳакамони озмун баҳогузорӣ карда шуда, дар натиҷа Аҳмадҷон Раҳмонов, сардори идораи корҳои илмию тадқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи С.М. Осимӣ барои пешниҳоди силсилаи моделҳои судманд дар соҳаи сохтмон сазовори ҷои якум дониста шуда, бо дипломи дараҷаи аввал ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Раҷабалии Музаффар, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи байтории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтирои маводи доруворӣ дар соҳаи байторӣ сазовори ҷои дуюм дониста шуда, бо дипломи дараҷаи дуюм ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Зафар Воҳидов, донишҷӯи курси сеюми факултаи «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ барои сохтани модели амалкунандаи техникаи хурди сохтмонӣ дар соҳаи механика сазовори ҷои сеюм дониста шуда, бо дипломи дараҷаи сеюм ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво