29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе»

1853
Имрӯз, 7 октябр дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад.
Намоишгоҳ ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафи асосии намоишгоҳ- ин ба маърази намоиш гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик, шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.
Дар барномаи Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо иштироки муаллифони асарҳо ба тамошо ва фурӯш гузоштани маводи чопӣ дар мавзӯъҳои гуногун, китобҳои электронӣ, ҳамчунин намоиши дигар намудҳои маҳсулоти полиграфӣ, конфронси илмӣ-амалӣ, маҳфили шеъру суруд, муаррифии китобҳои тозанашр, барномаи консертӣ, суҳбатҳо ва мубодилаи афкор пешбинӣ шудааст.
Дар намоишгоҳ дар радифи ноширони ватанӣ намояндагони Русия, Эрон, Ҳиндустон, Чин, Туркия, Фаронса, ИМА, Олмон, Озарбойчон, Туркманистон ва дигар кишварҳо иштирок менамоянд.
Дар доираи намоишгоҳ озмуни «Беҳтарин китоб» аз рӯи се номгӯй- «Бадеият ва мазмун», «Ороиш ва сифат» ва «Асари илмӣ» муайян гардида, ғолибон ва иштирокчиён бо диплом ва мукофот қадрдонӣ карда мешаванд.
Намоишгоҳ аз 7 то 9 октябр идома меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво