Тӯҳфаҳои идонаи Кумита

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 № АП-159 ва супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2015, №24/10-21 бо мақсади расонидани кӯмак ба муносибати идҳои Рӯзи дониш ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша - чорабинӣ тартиб дода, ба мактаб - интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо 227 нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва Кумита сарпарасти он мебошад, дар асоси дархости роҳбарияти мактаб - интернати мазкур аз 12 августи соли 2015, №161 рӯзи 31 марти соли 2015 дар вазъияти тантанавӣ кӯмакҳои моддӣ, аз ҷумла дастархони рӯи мизӣ барои ошхона (рангаи полиэтиленӣ) 60 метр ,маҳлул барои шустани зарфҳо 60 адад,хокаи ҷомашӯӣ (айна) 100 кг, дафтари оддӣ 1500 адад, албоми расмкашӣ 200 адад, қалами ранга 200 қуттӣ, хома (ручка) 500 адад,қоғази рангаи А-4 5 баста,қоғази сафеди А-4 5 баста, албоми рангуборкунӣ 200 адад ва дигар маводи зарурии хониш ба маблағи 6612,00 (шаш ҳазору шашсаду дувоздаҳ) сомонӣ супорида шуд.

Ҳамзамон барои нуҳ нафар собиқадорони ҷангу меҳнат ва ду оилаи бесаробонмонда, ки дар соҳаи сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият доштанд ва дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд истиқомат мекунанд, дар манзили зисташон кӯмакҳои пулӣ ба маблағи 3300 (се ҳазору сесад) сомонӣ бо иштироки масъулони Кумита ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Ҳамин тавр, ҳамагӣ кӯмакҳои моддию пулие, ки аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати идҳои Рӯзи дониш ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб – интернат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ду оилаи бесаробонмонда супорида шуд, 9912 (нӯҳ ҳазору нӯҳсаду дувоздаҳ) сомониро ташкил намуд.

Мухбири «РБ»

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво