24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бар асари бориши борон ҳавлии хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зери об монд

849
2 октябр бар асари бориши борон ва риоя нашудани меъёрҳои сохтмонӣ ҳангоми роҳандозии корҳои васлгарӣ ва гузоштани қубурҳои обгузар дарёи Лучоб самти ҳаракати худро тағйир дод. Дар натиҷа таҳхона ва ҳавлии хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳраки донишҷӯён, зери об монд.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бар асари роҳандозии корҳои фаврӣ кормандони кумитаи мазкур таҳхона ва ҳавлии пур аз лойоба, ифлосиҳо ва хасу хасрӯбаҳои хобгоҳро дар кӯтоҳтарин фурсат тоза карданд.
Ҳамчунин барои иҷрои ин кор воҳидҳои зиддисӯхтории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ҷалб карда шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво