29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқот бо намояндагони Корпоратсияи сохтмони биноҳои миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон

1286
Чаҳоруми сентябри соли равон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони нзди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии муовини якуми Раиси Кумита Саидзода Нуралӣ Гиёс ва як қатор роҳбарони зерсохторҳои Кумита бо намояндагони Корпоратсияи сохтмони биноҳои миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон Доктор Ануп Кумар Миттал, Директори иҷроияи Корпоратсияи сохтмони биноҳои миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷаноби Мохан Кумар, Менеҷери генералии Корпоратсияи сохтмони биноҳои миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид.

Мулоқот бо намояндагони Корпоратсияи сохтмони биноҳои миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон

Ҷаласаро муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Н.Ғ. ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Сипас, тарафҳо оид ба фаъолияти хеш маълумоти мухтасар дода, омодагии худро ба ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи сохтмони биноҳои миллии назди Вазорати рушди Ҷумҳурии Ҳиндустон, ба тавофуқ омаданд, ки дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба масъалаҳои рушди минбаъда дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми якдигар, мустақилият ва манфиати мутақобила, фароҳам овардани шароити мусоид байни ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо ва моликияти субъектҳо ҳангоми фаъолияти сохтмонӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои нав ва дар асоси манфиатдории мутақобила ҳамкорӣ намоянд.

Мулоқот бо намояндагони Корпоратсияи сохтмони биноҳои миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон

Дар охир Сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Аҳмадбекзода ба сухан баромада, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкориҳои минбаъда барои ҳарду ҷониб пурсамар ва судманд хоҳад буд.

Д.Табарова, мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво