Варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон дар Эрон соҳиби панҷ медал гардиданд

Варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон дар Эрон соҳиби панҷ медал гардиданд

Дар чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ-до, ки дар пойтахти Эрон- шаҳри Теҳрон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик панҷ медал- як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар сабқати бузургсолон Шероз Икромов дар вазни то 84 кило бо медали тилло, Сафаралӣ Давлатов дар вазни то 67 кило бо медали нуқра ва Бадриддин Умедов дар вазни беш аз 84 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Хотиррасон менамоем, ки дар сабқати наврасони 16-17-сола Мурод Назаров дар вазни то 55 кило ва Ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар вазни то 52 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар ин бора ба хабарнигорон Муҳаммад Бодаков, сармураббии дастаи мунтахаби каратэ-дои Тоҷикистон 22 сентябр хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин мусобиқот беш аз 400 варзишгар аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Ёдовар мешавем, ки аз риштаи каратэ-до аввалин медалро ба Тоҷикистон соли 1994-ум дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҷопон Исроил Исмоилов, ки феълан раиси Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон аст, оварда буд. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 75 кило бо нишони биринҷӣ сарфароз гашта, дар таърихи варзиши тоҷик саҳифаи наве боз кардааст. Ин нахустин медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ ба шумор меравад.
Бояд зикр кард, ки варзишгарони тоҷик баъдан дар тӯли 22 сол дар чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва мусобиқоти байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гаштанд.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво