Бунёди 32 бинои нави таълимӣ дар Рашт

Дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравиҳои куллӣ ба амал омаданд.
Дар ин давра соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳияи Рашт чун дигар минтақаҳои кишвар низ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016» тасдиқ карда шуда, мавриди амал қарор гирифт, ки дар он дар давоми 5 сол дар ҳаҷми 105 млн. 256,8 ҳазор сомонӣ ва 19 млн. 954 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ намудани сохтмону барқарорсозии 73 иншоот дар ҳудуди ноҳияи Рашт ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии ноҳия заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар давоми 25 соли соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди ноҳия корҳои сохтмонию ободонӣ вусъати тоза гирифта, барои фаъолияти босамари соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бинову иншооти хуштарҳу замонавӣ қомат афрохтанд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, навсозӣ ва таъмиру тармими биноҳои муассисаҳои таълимӣ, бунёди мактабу синфхонаҳои нав ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир ҳамчун самти афзалиятноки рушди соҳаи маориф боқӣ монда, ин иқдом аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар ба таври доимӣ пайгирӣ карда мешавад.
Тибқи маълумоти Ҳамдулло Шарифов, роҳбари дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар қаламрави ноҳияи Рашт 32 бинои нави таълимӣ ва 98 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд. Солҳои 2011-2015 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 19 бинои нав ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Сохтмони биноҳои нав дар назди муассисаҳои таълимии №27 ва 100 идома дорад.
Дар солҳои 2011- 2014 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ ба воситаи Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 2518 баста мизу курсӣ барои хонандагон, 214 баста мизу курсӣ барои омӯзгорон, 417 курсии нимнарм, 310 адад мизи талабагӣ, 107 адад тахтаи синфӣ, 64 адад либосовезак ва дигар таҷҳизоти дарсиву гармидиҳӣ таъмин карда шуданд, ки маблағи умумиашон 784 ҳазору 930 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин давра аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 414 баста мизу курсии талабагӣ ва 55 миз барои омӯзгорон таъмин карда шуданд.

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво