19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Женева Маркази фарҳангиву иттилоотии «Ошёни тоҷик» ифтитоҳ гардид

730
Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкори швейтсарӣ Оливие Леноссиер маросими кушодашавии Маркази фарҳангиву иттилоотии «Ошёни тоҷик» дар шаҳри Женева баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ шаҳрвандони тоҷики муқими Швейтсария, намояндагони корпуси дипломатӣ, мақомоти расмӣ ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Маросимро Сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Ҷамшед Ҳамидов оғоз намуда, ин падидаро ба 25-умин солгарди истиқлолияти кишвари мо бахшид. Сафир нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар дастовардҳои кишвар тайи ин муддат алоҳида инъикос намуд.
Дар назар аст, ки тавассути ин марказ сокинони кишвари иқомат оид ба фарҳангу таърихи мардуми тоҷик, имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маълумоти муфассал ба даст оранд.
Сафорат нақша дорад, то дар оянда аз имкониятҳои марказ истифода бурда, чорабиниҳои гуногуни фарҳангиро ҷиҳати муаррифии кишвари мо дар Швейстария доир намояд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво