19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Навсозии боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки Ғарм

1099
Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ бинои матбааи ноҳия ба маблағи 421 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба ин восита барои фаъолияти самараноки матбаа ва мактаби бачагонаи санъат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Инчунин бо дастгирии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмиру навсозии боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки Ғарм ба маблағи 1 млн-у 887,9 ҳазор сомонӣ бо панҷ нуқтаи воситаҳои техникии арғунчаку чархофалакҳо ва дигар воситаи дилхушии кӯдакон ба анҷом расонида шуд.
Дар даврони Истиқлолият дар ду нуқтаи ноҳия ёдгориҳои таърихӣ- нимпайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум дар деҳаи Шул ва лавҳаи ёдгории шаҳидони заминларза дар ҷамоати деҳоти Ҳоит сохта шудаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво