29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Корхонаи «Норд Азия» 120 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин месозад»

813
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Корхонаи «Норд Азия» 120 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин месозад»
«Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ» ва ба кори фоиданок ҷалб намудани шаҳрвандони бекор, махсусан занону духтарони хонашин дар деҳаи Куркат Маркази таълимиву истеҳсолии Куруш ба истифода супорида шуд, ки ба рушди касбомӯзии сокинон ва беҳтар шудани вазъи зиндагии онҳо мусоидат мекунад»,- зикр намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар робита ба ин, роҳбарону масъулон вазифадоранд барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳои боз ҳам муассир андешанд, зеро тибқи маълумот дар ноҳия айни замон беш аз 13 ҳазор нафар занону духтарон бе шуғл мебошанд.
— Имрӯз мо дар доираи корҳои созандагиву ободгаронаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Спитамен ба фаъолияти якчанд иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ бахшидем, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бо шуғл фаро гирифтани мардум ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд. Яке аз иншооти зикршуда Корхонаи муштараки «Норд Азия» мебошад, — зикр намуданд Пешвои миллат.
Инчунин иброз дошта шуд, ки бунёди корхонаи мазкур бо ҳамкории соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ду сол пеш оғоз ёфта, барои сохтмони он беш аз 23 миллион сомонӣ равона шудааст. Корхонаи «Норд Азия» баъди бо иқтидори истеҳсолии пурра ба кор даромадан дар як сол ба маблағи 50 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд ва 120 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин месозад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво