29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Панҷ

1296
Дар идомаи сиёсати созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як зумра иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи онҳо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок намуд.
Бо назардошти он, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама давру замон мақоми шоиста дорад, дар соли таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба рушду пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим афзалияти бештар дода шудааст. Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон нахустин иншооте, ки дар остонаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 мебошад. Мактаб дар ҷамоати шаҳраки Панҷ ҷойгир буда, барои 1300 толибилм дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои асосии мактаб 2 ошёна ва дорои 28 синфхона, 10 утоқи корӣ, толори фарҳангӣ ва толори варзишӣ мебошад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд бунёд гардида, ду китобхона дорад, ки якеаш китобхонаи электронӣ аст. Корҳои сохтмони мактаб бо фармоиши Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна оғоз гардида, дар давоми як сол анҷом дода шуд.
Сипас дар ҳамин шаҳрак бинои нави Раёсати андози ноҳияи Панҷ мавриди истифода қарор дода шуд. Сохтмони бинои нави маъмурии нозироти андоз дар ноҳияи Панҷ моҳи ноябри соли 2015 оғоз гардида, пудратчӣ ҶДММ «Осари» ва лоиҳакаш ҶДММ «Созанда 2012» мебошанд. Бинои хуштарҳу замонавии нозироти андози ноҳия бо маблағи зиёда аз 2, 7 млн. сомонӣ сохта шуда, аз таҳхона, 2 ошёна , 8 утоқи корӣ, толори калон барои пешниҳоди эъломияҳо, толори маҷлис, ҳуҷраи бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникию ёрирасон иборат аст.
Дар ин рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани коргоҳи дузандагии «Бонувони Панҷ» иштирок кард. Ин коргоҳ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Камолиддин Каримов бунёд гардидааст, дар ду ошёна ҷойгир буда, барои 20 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст. Дар коргоҳи нави дӯзандагӣ коргарон асосан аҳолии таҳҷойии ноҳияи Панҷ мебошанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво