19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дилшод Назаров-ифтихору парчамбардори тоҷик чемпиони Бозиҳои олимпӣ шуд!

1361
Дилшод Назаров-ифтихору парчамбардори тоҷик чемпиони Бозиҳои олимпӣ шуд!
Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимӣ дар Бразилия медали тилло ба даст овард. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. Ин барои аввалин бор аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.
Бояд зикр кард, ки ин мусобиқоти ниҳоӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурӯъ шуд ва Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашта, сазовори медали тилло гардид.
Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то рӯзи 21 август идома мекунанд.
Ёдовар мешавем, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар- Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод),Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Дилшод Назаров бори чаҳорум аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад.
Дар Бозиҳои олимпии соли 2004-ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст.
Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003),
барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003),
ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.
Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифта буд. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.
Ёдовар мешавем, ки гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.
Мо низ ғалабаи Дилшод Назаров — парчамбардору номбардори миллати тоҷикро барои ҳамватанон самимона табрик мегӯяд!




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво