Парчами Тоҷикистонро дар Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров боло бардошт

Парчами Тоҷикистонро  дар Рио-де-Жанейро  Дилшод Назаров боло бардошт
Имрӯз, соати 4-и субҳ ба вақти Душанбе дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016 доир гардид.
Мунтахаби Тоҷикистон дар қатори варзишгарони дигар кишварҳо дар гузашти варзишгарон иштирок намуд.
Парчами Тоҷикистонро дар марсими гузашти варзишгарон гурзандози моҳир, ғолиби секаратаи Бозиҳои Осиё, чемпиони секаратаи Осиё, дорандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон-2015 Дилшод Назаров боло бардошт.
Дар доираи ин маросим дар варзишгоҳи машҳури «Маракана»-и Рио 12 ҳазор варзишгар аз 207 кишвари ҷаҳон, ки барои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ шумораи рекордӣ ҳисобида шуд, дар гузашти варзишгарон иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз 5 то 21 август сурат мегиранд.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво