29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таваҷҷуҳ!

1150
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандонро ба намоишгоҳи масолеҳи сохтмонии корхонаҳои ватанӣ ва дастовардҳои соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, ки дар толори «Кохи Борбад» 12 августи соли равон баргузор мегардад, даъват менамояд.
Чорабинии мазкур бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии Рӯзи сохтмончиён бахшида мешавад.
Дар намоишгоҳ бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд.
Ҳадаф аз гузаронидани намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда мебошад.

Шартҳои иштироки корхонаҳо
дар Намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда дар даврони Истиқлолияти давлатӣ


1. Мавзӯъ ва мавқеи Намоишгоҳ
Намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии Рӯзи сохтмончиён оид ба дастовардҳои соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар 25-соли истиқлолият, лоиҳаҳои таҳияшудаистодаи бинову иншоот, инчунин масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ гузаронида мешавад.
Дар намоишгоҳ бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд.
Тибқи дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, яке аз масъалаҳои муҳими солҳои охир ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи ватании рақобатпазир ва воридотивазкунанда мебошад.
Ҳадаф аз гузаронидани намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷрибаи ҷаҳонӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда ва ғайра мебошад.


2. Ташкилкунандаи намоишгоҳ:
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш.Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36.
тел: 221-88-53). Телефон барои тамос: 223-02-00


3. Шартҳои иштирок дар намоишгоҳ
Дар намоишгоҳ метавонанд ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонии ватанӣ новобаста аз шакли моликият, меъморон, дизайнерон ва рассомони касбӣ иштирок намоянд. Донишҷӯёни факултаи меъморӣ метавонанд дар ҳайати гурӯҳи эҷодӣ, зери роҳбарии меъморӣ касбӣ, иштирок намоянд.

4. Талабот аз иштироккунандагони Намоишгоҳ
Иштирокчиёни намоишгоҳ бояд пешниҳодҳои худро бо андозаи ________ см (вертикалӣ) пешниҳод намоянд. Дар планшетҳои намоишии лоиҳа иштирокчӣ метавонад аз ҳама намуд ва усулҳои намоишӣ (акс, акси макет, графикаи компютерӣ) истифода бурда, бо таври возеҳ унсурҳои миллиро дар лоиҳа ифода кунад.
Дар пешниҳодҳои худ иштирокчиён бояд дар қисми болои лоиҳа, номи лоиҳа, номи ташкилоти лоиҳакаш ва рӯйхати гурӯҳи эҷодиро нишон диҳад.
Бо воситаи монитор муаррифии масолеҳи корхонаҳо ба намоиш гузошта шавад.
Ҳамаи намудҳои зоҳирии биноҳо дар миқёси ______ пешниҳод карда шаванд.
Тавзеҳнома дар шакли А4 ва ҳам дар болои планшетҳои намоишӣ пешниҳод карда мешавад.
Корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонии ватанӣ масолеҳи худро дар стенди ҷудошуда бо андозаи 3х4м бо муаррифии ташкилот ва масолеҳ пешниҳод намоянд.

5. Тақвими намоишгоҳ
Бақайдгирии иштирокчиёни намоишгоҳ то санаи 9 августи соли ҷорӣ дар бинои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (кӯчаи, Ш.Ҳусейнзода 36) баргузор мегардад.

6. Намоиши лоиҳаҳо ва масолеҳии пешниҳодгашта дар толори Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” рӯзҳои 12-13 августи соли 2016 соатҳои 9-00 то 17-00 баргузор мегардад.

Иштирокчиёни фаъоли Намоишгоҳ бо сипосномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво