29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи хати нави оби нӯшокӣ дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

1101
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари навбатии кории худ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати нави оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия иштирок кард.
Дар даромадгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии таъминоти оби ноҳия ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафти татбики лоиҳаи «Беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» муаррифӣ карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосии таъминоти оби нушокӣ ба сокинони ин ноҳия боз як пайки шодию нишот ва муждаи ободонӣ овард.
Хати нави оби нӯшокӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи бебозгашти Ҳукумати Ҷопон амалӣ гардида барои беҳтар намудани ҳолати таъмини оби нӯшокии марказ ва зиёда аз 20 деҳаи ноҳия пешбинӣ шудааст.
Ҳамаи иншооти лоиҳа бо риояи технологияи пармакунӣ бунёд гардида ба шартҳои техникии иҷрои корҳои зеризаминии таъминоти об ҷавобгӯй мебошад. Ҳамин об, ки аз чуқурии беш аз 100 метр тавассути чоҳҳои амудӣ дастрас карда мешавад аз ҷиҳати меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва экологӣ дар ҷаҳон беҳамто аст.
Дар доираи лоиҳа аз ҳисоби саҳми ҷониби Тоҷикистон дар деҳаҳои ҳафт ҷамоати ноҳия 20 чоҳи амудӣ бунёд шуда дар маҷмӯъ дар ҳама марҳилаҳои татбиқи лоиҳа аз нисф зиёди аҳолии ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шудаанд. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 16 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, он аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гранти Ҳукумати Ҷопон мавриди иҷро қарор дода шудааст.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ айни замон бо ҳамин маблағ корҳои лоиҳакашию омодасозӣ, таҳвили таҷҳизот ва мошину механизмҳои грантӣ, омӯзиши истифодабарии онҳо ва сохтмону васлкунии таҷҳизоти иншоот ба итмом расонида шудаанд.
Лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз барномаҳои калонтарини грантии таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандартӣ буда, саҳми ҷониби Ҷопон дар лоиҳа корҳои барқарорсозӣ, таҷдид, сохтмони иншооту хатҳои обгузари системаи обтаъминкунии маркази ноҳия — шаҳраки «Москва», деҳаҳои Гулобод ва Навободи деҳоти «Меҳнатобод»-ро дар бар мегирад.
Дар доираи ин лоиҳа 66,7 километр хатҳои обгузар, зиёда аз 20 чоҳи амудӣ, чор манораи обтаъминкунӣ, 2 иншооти безараргардонии оби нӯшокӣ ва ду маркази идоракунии таҷҳизоти барқӣ, хатҳои баландшиддати барқӣ дар масофаи 1175 метр, 2 истгоҳи барқӣ ва 4671 метр роҳ барои истифодаи иншоот сохта ба истифода супорида шуданд.
Бо анҷоми ин лоиҳаи афзалиятнок маҷмуан обтаъминкунии аз нисф зиёди аҳолии ноҳия ё тахминан ҳар як дуюмин сокини он, ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини соҳа талаб намуд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонии обрасонӣ ба аҳолии ноҳия тадбирҳои бетаъхир андешида корҳои фаҳмондиҳии вобаста ба фарҳанги волои истифодабарии оби мусафои ошомиданиро дар миёни сокинон тақвият бахшанд.
Хотиррасон бояд шуд, ки бо дастур ва супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи апрели соли 2008 оғоз гардида корҳои асосӣ аз марҳилаҳои таҳвили техникаю таҷхизот дар соли 2009, сохтмони чоҳҳои амудӣ дар соли 2011 ва оғози корҳои сохтмони асосӣ дар соли 2013 иборат мебошад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ташаббускории бузургтарин чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ дар соҳаи об масъалаи дастарсии бемамониати аҳолии мамлакатро бо оби тозаи нӯшокӣ дар меҳвари сиёсати башардӯстонаи худ қарор додааст. Маҳз бо талош ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат имрӯз шароити обрасонии наздик ба 70 ҳазор сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ беҳтару хубтар гардида имконияти рушду пешрафт ва ободонию сабзу хуррамгардонии ноҳия ба пуррагӣ фароҳам оварда шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво